Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи барқ барои сокинони Тоҷикистон то 2 дирам боло меравад


Қарор аст, аз моҳи сентябр нархи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон то 2 дарсад боло бурда шавад. Айни замон як киловатт-соат нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ барои аҳолӣ 14,65 дирам нарх дорад.

"Ин масъала дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шуд"

Яке аз аъзои комиссия ба Радиои Озодӣ гуфт, "пешниҳод дар боло бурдани нархи барқ хеле баланд буд, аммо мо бо назардошти вазъи мардум хулосаҳои худро ба ҳукумат пешниҳод кардем".

Тарофаҳои нави нерӯи барқ ва гармӣ барои аҳолӣ дар ҷаласаи охирини ҳукумати Тоҷикистон 28-уми август баррасӣ гардидааст. Рӯзи 31-уми август дар ширкати “Барқи тоҷик” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъалаи боло бурдани тарофаҳои нерӯи барқ дар ҷаласаи ҳукумат, воқеан, баррасӣ шуд, аммо гуфтанд, “қарор ҳанӯз дар ин робита ба дасти онҳо нарасидааст”.

Масъалаи боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳҳо боз матраҳ аст. Бори аввал Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" дар нишасти охир дар мавриди зарурати боло бурдани нархи нерӯи барқ изҳори назар кард. Исмоилзода далели боло бурдани нархи нерӯи барқро "ба хароҷоти нигаҳдории системаи энергетикии кишвар" марбут донист, ки ба пули бештар ниёз дорад. Ба хотири боло бурдани нархи нерӯи барқ тайи ду моҳи охир як комиссияи вижаи иборат аз намояндагони Хадамоти зиддинҳисорӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкати "Барқи тоҷик" фаъолият мекард.

"Гуфтанд, ки нархро боло барем"

Бинои ширкати Барқи тоҷик
Бинои ширкати Барқи тоҷик

Ин комисссия тавҷеҳи пешниҳодоти боло бурдани нархи нерӯи барқ ва қудрати молии аҳолиро баррасӣ ва хулосаи ниҳоиро ба ҳукумат пешниҳод кард. Яке аз аъзои ин комиссия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "пешниҳод дар боло бурдани нархи барқ хеле баланд буд, аммо мо бо назардошти вазъи мардум хулосаҳои хешро ба ҳукумат пешниҳод кардем". Назар Одиназода, муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 31-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "тарифҳои нави нерӯи барқ бо қарори ҳукумат тасдиқ мешавад. Айни замон қарори ҳукумат дар ин робита ба дасти мо нарасидааст. То замони ба дасти мо расидани қарори ҳукумат наметавонем маълумот бидиҳем."

Аз ин қабл, Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар як барнома, ки барои се соли оянда таҳия шудааст, гуфта буд, нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ дар се соли оянда тақрибан 2-дирамӣ боло рафта, дар соли 2020 ба беш аз 20 дирам хоҳад расид. Соли гузашта арзиши нерӯи барқ дар кишвар 16 дарсад афзуда, феълан 1 киловат соат нерӯи барқ ба аҳолӣ 14,65 қимат дорад. Боло бурдани нархи нерӯи барқ яке аз тавсияҳои ҳамешагии созмонҳои байналмиллалӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ аст. Ин созмон борҳо ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки нархи нерӯи барқро боло бубарад.

Мардум: "Мо ки нафту газ надорем..."

Аммо сокинони Тоҷикистон мегӯянд, об яке аз боигариҳои асосии кишвар аст ва чун бахши аъзами нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мешавад, набояд нархи нерӯи барқ бештар аз тавони молии мардум бошад. Одил Раҳимзода, як сокини ноҳияи Ҳисор, мегӯяд, "доим аз телевизиону радио мешунавем, ки об боигарии асосии Тоҷикистон аст. Боигарии мо об бошад, бояд нархи нерӯи барқе ҳам, ки бо нерӯи об истеҳсол мешавад, арзон бошад. Мо, ки нефту газ надорем, ягона боигаримон ҳамин аст ва ин барои мардум бояд арзону дастрас бошад."

Иддаои сокинон дар мавриди нархи нерӯи барқ бар пояи ҳисоби истеҳсоли як киловатт/соат нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои обиву барқӣ аст, ки ҳамагӣ 2 дирам арзиш дорад.

Боло рафтани нархи нерӯи барқ як масъалаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳассос аст ва ҳукумат низ ҳангоми боло бурдани нархи он аз эҳтиёт кор мегирад. Бар замми ин тибқи як барнома Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ оилаҳои камбизиотро ба феҳрасти вижа ворид мекунад ва тибқи он Вазорати молия харҷи то 250 киловат/соат нерӯи барқи масрафкардаи ин оилаҳоро ҳар моҳ мепардозад.

Коршинос: "Боло бурдани нархи барқ зарур аст"

Айни замон ширкати "Барқи тоҷик" таҳти фишори қарзи гарон қарор дорад. Барои коршоям нигоҳ доштани ин ширкат боло бурдани нархи нерӯи барқ хеле муҳим аст.

Бинобар дархости ин вазорат, ҳамон оилае камбизоат эътироф мешавад, ки даромадаш ба сари ҳар узви он аз 250 сомонӣ камтар бошад. Аз сӯи дигар, коршиносон боло бурдани нархи нерӯи барқ барои наҷоти ширкати "Барқи тоҷик"-ро ногузир мешуморанд. Анатолий Колисниченко, муттахассиси соҳаи энергетика, ки таҷрибаи 40-солаи кор дар Тоҷикистонро дорад мегӯяд, "айни замон ширкати «Барқи тоҷик» таҳти фишори қарзи гарон қарор дорад. Барои коршоям нигоҳ доштани ин ширкат боло бурдани нархи нерӯи барқ хеле муҳим аст. Вагарна мисли ҳозир, давлатро зарур меояд, ки аз буҷети худаш қисме аз қарзҳои «Барқи тоҷик»-ро ҷуброн кунад».

Манзур аз гуфтаҳои Колесниченко қарори ҳукумат дар бораи аз молиёт озод кардани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аст, ки онро Русия бунёд кардааст. "Барқи тоҷик" аз «Сангтӯда-1» беш аз 90 миллион доллар қарздор аст. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷуброни қарзҳои Русия нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"-ро аз додани молиёт озод кард. Қарзи «Барқи Тоҷик» аз ширкати «Сангтуда-2»- ки онро Эрон бунёд кардааст ба беш аз 40 миллион доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG