Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз 5-уми январ ҳама сокинони Тоҷикистон рӯзона бо барқ таъмин карда мешаванд. Бино ба иттилои ширкати “Барқи тоҷик”, ҳамакнун ба манотиқи Тоҷикистон ба муддати 17 соат нерӯи барқ дода хоҳад шуд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” 5 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз дар тамоми манотиқи Тоҷикистон сокинон аз соати 5-и субҳ то 22-и шаб бо нерӯи барқ таъмин хоҳанд шуд. То ҳол сокинони кишвар ба муддати 12 соат, аз соати 5 то 11-и субҳ ва аз 16 то 22 нерӯи барқ дарёфт мекарданд.

Мақомот беҳбуди вазъи таъмини сокинон бо нерӯи барқро ба мавриди истифода қарор қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” дар моҳи декабри соли 2016, рабт медиҳанд.

Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки ҳанӯз таърихи комилан аз миён бардоштани лимит ё маҳдудият дар таъмини барқ дар сартосари кишвар мушаххас нашудааст. Бархе аз хабаргузориҳо гуфта буданд, ки мумкин аст аз 15 январ лимити интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи кишвар комилан лағв шавад.

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” беҳбуди вазъи таъмини сокинон бо нерӯи барқро ба мавриди истифода қарор қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” дар моҳи гузашта рабт доданд. Рӯзи 8 декабри соли гузашта дар пойтахти Тоҷикистон Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” бо тавоноии 400 меговатт ифтитоҳ шуд. Ин марказ метавонад 60 дарсади сокинони Душанберо бо нерӯи барқ ва беш аз 500 бинои пойтахти Тоҷикистон бо гармӣ таъмин кунад.

Маркази гармидиҳии Душанбе-2.
Маркази гармидиҳии Душанбе-2.

Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" аз сӯи ширкати чинии ТВЕА бо сармояи муштараки Тоҷикистону Чин бунёд шудааст ва ба гуфтаи мақомоти тоҷик, арзиши умумии ин тарҳ 349 миллион доллари амрикоӣ буда, 17 миллиону 443 ҳазор доллари он саҳми Тоҷикистон мебошад. Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" дар моҳи сентябри соли 2014 оғоз шуда буд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки такмил шудани ин тарҳ барои таъмини гармӣ дар шаҳри Душанбе ва иқтидори саноатии пойтахт ва ноҳияҳои атроф мусоидат хоҳад кард.

Лимит ё маҳдудият дар интиқоли неруи барқ ба сокинони Тоҷикистон ба истиснои Душанбе, маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои бузурги саноатӣ аз 1 ноябри соли 2016 шурӯъ шуда буд. Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нерӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад.

Вазъ фақат дар вилояти Бадахшон фарқ мекунад, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум бо супурдани нерӯгоҳи Помир-1 ва шабакаҳои барқаш ба Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Оғохон, шабакаҳои барқи ин вилоят аз ширкати давлатии "Барқи тоҷик" комилан ҷудо амал мекунанд ва бино ба иттилои расмӣ, навоҳии ин вилоят ҳатто дар авҷи фасли сармо аз 18 то 24 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми солонааш ба парлумон ва мардуми кишвар дар рӯзи 22 декабри соли гузашта эълон кард, ки дар зарфи се соли оянда сокинони Тоҷикистон дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ ба таври пурра таъмин хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG