Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди "Душанбе-2" лимити барқро кам кард. ВИДЕО


Интиқоли нерӯи барқ ба минтақаҳои кишвар пас аз ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе -2" ба қадри се соат бештар мешавад. Ин марказ рӯзи гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар қисми навбатдории ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 9-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфтанд, ки интиқоли нерӯи барқ ба минтақаҳо дар як шабонарӯз назар ба реҷаи се соат зиёд хоҳад шуд: “Аз ин рӯз иборат нерӯи барқ аз соати 5-и субҳ то соати 10-и рӯз ва аз соати 5 бегоҳ то 10-и шаб ба сокинон интиқол дода мешавад. Баъд аз ин дар як шабонарӯз сокинон 10 соат барқ хоҳанд гирифт.”

Афзоши интиқоли нерӯи барқ ба сокинони кишвар дар фасли сармо пас аз ба истифода супурдани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сурат мегирад, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 декабр дар шароити мутантан бо пахши тугмаи рамзӣ, онро ба кор андохт. Қисмати дуввуми Маркази барқу гармидиҳӣ, бо иқтидори 300 мегават ба кор даромад. Ин марказ дар маҷмӯъ 400 мегаватт нерӯи барқ истеҳсол мекунад.

Маркази гармидиҳии Душанбе-2 такмил шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" бо харҷи 349 миллион доллари амрикоӣ аз сӯи ширкати чинии ТВЕА сохта шудааст. Аз ин маблағ танҳо каме беш аз 17 миллион доллараш саҳми ҷониби Тоҷикистон аст. Тоҷикистон бар иваз бунёди ин марказ ба ширкати чинӣ ду кони тилло- Дуоба ва Кумарғи болоро ба ин ширкати чинӣ тақдим кард.

Инчунин, дар натиҷаи ба кор оғоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” имкон пайдо мегардад, ки дар як шабонарӯз 7,2 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуда, дар натиҷа таъмини шабонарӯзии нерӯи барқ дар кишвар нисбат ба соли гузашта 16 фоиз афзоиш меёбад.

Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нерӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад. Вазъ бахусус дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонӣ бад аст, ки баъзе манотиқаш то чанд рӯз аз нерӯи барқ пурра маҳрум мешаванд.

Вазъ фақат дар вилояти Бадахшон фарқ мекунад, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум бо супурдани нерӯгоҳи Помир-1 ва шабакаҳои барқаш ба Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Оғохон, шабакаҳои барқи ин вилоят аз ширкати давлатии "Барқи тоҷик" комилан ҷудо амал мекунанд ва бино ба иттилои расмӣ, навоҳии ин вилоят ҳатто дар авҷи фасли сармо аз 18 то 24 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин мебошанд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG