Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши дуздӣ дар шабҳои бебарқӣ


Дар шабҳои нахустини қатъи интиқоли нерӯи барқ ба манзили сокинон иддае аз афзоиши дуздӣ дар маҳалли зисташон хабар медиҳанд. Сокинони рустои Қалъаи Дӯст дар ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) мегӯянд, дар як шаби бебарқӣ се дӯкони ин деҳаро дузд задааст.

Намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” дар вилояти Суғд мегӯянд, шурӯъ аз ҳафтаи гузашта интиқоли барқ ба минтақаи шимоли Тоҷикистон аз рӯи “лимит” дода мешавад.

Аббос Почоев, соҳиби яке аз дӯконҳои фурӯши симкорт ва телефонҳои мобил, рӯзи 25 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, афроди ношинос дари дӯконашро шикаста ва моли фурӯшгоҳро бо яғмо бурдаанд. Ӯ гуфт, азбаски дар ягон гӯшаи деҳа барқ набуд ва сокинон дар хонаҳои худ қарор доштанд, касе ҷараёни дуздиро надида ва дурбинҳои назоратӣ низ чизеро сабт накардаанд. Почоев гуфт, "аз дӯкони ман 25 телефони мобил, як тюнер, ноутбук ва бархе таҷҳизоти дигарро бурдаанд."

Яке аз рустоҳои ноҳияи Деваштич
Яке аз рустоҳои ноҳияи Деваштич

Мақомоти пулиси ноҳияи Деваштич мегӯянд, гумонбарони аслии дуздиҳо дастгир шудаанд ва чаҳор нафари онҳо хонандаи мактаб ва омӯзишгоҳи касбиву техникӣ ҳастанд. Ба далели ноболиғ будани гумонбарон пулис аз онҳо ном набурд, вале гуфт, ки алайҳи онҳо бар асоси моддаи “дуздӣ” парванда боз шудааст.

Аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки рӯзҳои охир ду ҳодисаи дуздии дӯкони сокинон рух дода, кормандони пулис ба гумони даст доштан дар ин ҳодисаҳо як зану мардро боздошт кардаанд. Ин ҳодисаҳои дуздӣ низ шабонгоҳ ва баъди қатъи саросарии интиқоли нерӯи барқ рух додааст.

Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" дар вилояти Суғд мегӯяд, шурӯъ аз ҳафтаи гузашта интиқоли барқ ба минтақаи шимоли Тоҷикистон, ба истиснои Хуҷанд, аз рӯи "лимит" дода мешавад. Масъулони ин ниҳод ҳанӯз реҷаи додани барқ ба хонаҳои сокинонро эълон накарданд, вале ба гуфтаи сокинон, лимити барқ имсол хеле шадидтар шуда, мардум дар як шабонарӯз то ҳафт ва гоҳе вақт бештар аз он барқ мегиранду бас.

Дафтари асосии ширкати "Барқи тоҷик" дар Душанбе
Дафтари асосии ширкати "Барқи тоҷик" дар Душанбе

Маъмурони пулис оғози фасли сардиву бекорӣ ва қатъи интиқоли барқро аз сабабҳои зиёд гардидани дуздӣ дар баъзе аз гӯшаҳои кишвар медонанд. Саҳифаи интернетии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ҳар рӯз аз чанд мавриди дастгир шудани дуздон дар гӯшаву канори кишвар хабар медиҳад. Коршинос Аъзами Шавкат зиёд шудани мавридҳои дуздиро ба поин рафтани сатҳи зиндагӣ, бепулии муҳассилин ва бо роҳи афви умум аз маҳбасҳо озод шудани афроди муттаҳам ба дуздӣ бастагӣ медиҳад.

Бар асоси як пажӯҳиш, ки тобистони имсол муаррифӣ шуд, 78 дарсади афроде, ки дар Тоҷикистон даст ба ҷиноят задаанд, бекор буда ва шуғли муайяне надоштаанд. ​Субҳидин Баҳриддинзода, як масъули Маркази миллии қонунгузорӣ, ки натиҷаи татбиқи се қонуни афви ахирро таҳлил кардааст, рӯзи 3 июни соли равон дар як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, дар аксари марвид бекорӣ одамонро ба ҷинояткорӣ таҳрик додааст.

Ҳазорҳо нафар дар Тоҷикистон аз бекорӣ азият мекашанд
Ҳазорҳо нафар дар Тоҷикистон аз бекорӣ азият мекашанд

Аммо иддае дигар аз коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, пулис ва мақомоти дигари масъул нерӯҳои худро умдатан барои тақвияти мубориза бо тундгароӣ ва ошкору дастгир намудани тундравҳо сафарбар намудаанд ва ба ҷилавгирӣ аз дуздиву ғорат, ҳамчун ҷинояти аз нигоҳи аввал сабук аҳамияти камтар медиҳанд. “Аз ин рӯ, дуздиву ҷинояткорӣ, аз ҷумла миёни ноболиғон зиёд гардидааст”, - гуфт як ҳамсуҳбати мо.

Дар вилояти Суғд, ба қавли масъулони пулис, дуздӣ дар нимсолаи аввали соли равон низ назар ба ҳамин давраи соли гузашта рӯ ба афзоиш доштааст. Бино ба иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввал 528 ҳодисаи дуздии амволи ғайр ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 20 маврид зиёд аст.

XS
SM
MD
LG