Пайвандҳои дастрасӣ

"69%-и афвшудаҳое, ки дубора ҷиноят кардаанд, дуздҳоянд"


Бар асоси як пажӯҳиш 78 дарсади афроде, ки дар Тоҷикистон даст ба ҷиноят заданд, бекор буда ва шуғли муайяне надоштаанд.

Субҳидин Баҳриддинзода, як масъули Маркази миллии қонунгузорӣ, ки натиҷаи татбиқи се қонуни афви ахирро таҳлил кардааст, рӯзи 3 июн дар як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, дар аксари маворид бекорӣ одамонро ба ҷинояткорӣ таҳрик додааст. Ин пажӯҳиш бо ҳимояти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо анҷом ёфтааст.

Баҳриддинзода гуфт, бар пояи омор, 78 дарсади афроде, ки даст ба ҷиноят зада ва маҳкум шудаанд, ҷои кор надоштаанд. Аз ин рӯ, ба таъкиди ӯ, "ба хотири пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, қабл аз ҳама фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ ба сокинон аҳамияти аввалиндараҷа дорад."

Ин пажӯҳиш собит кардааст, тақрибан ду дарсади онҳое, ки мавриди авф қарор гирифтаанд, дубора ҷиноят содир карда ва пушти панҷараҳои зиндон баргаштаанд.

52 дарсади онҳое, ки дубора ҷиноят содир кардаанд, сабаби ин амалашонро дар набуди ҷои кор гуфтаанд. 21 дарсади ин гурӯҳ гуфтаанд, ки бинобар вазъи сангини иқтисодии хонаводаҳояшон маҷбур шудаанд, ки даст ба ҷиноят зананд.

Дар таркиби ҷиноятҳое, ки ин афрод дубора содир кардаанд, дуздӣ дар ҷои аввал будааст. Яъне, 69 дарсади афроде, ки афв шудаву дубора даст ба ҷиноят задаанд, дуздон будаанд. 11 дарсади дигар, ки дубора даст ба ҷиноят задаанд, одамони машғул ба тиҷорати маводи мухаддир будаанд.

Аз ин рӯ, муҳаққиқон пешниҳод доранд, ки барои дубора ба ҳаёти осоишта баргардонидани зиндониёни пешин, зарур аст, марказҳои вижаи доимоамалкунандаи офиятбахшӣ таъсис дода шавад. То бо кӯмаки ин марказҳо, маҳбсусони собиқ дубора дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунанд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG