Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири ҳукми гунаҳкор дар марги 5 мардикори тоҷик


Додгоҳи вилояти Орел дар Русия ҳукми додгоҳи ноҳияи ҳамномашро дар мавриди Аҳмад Аҳмадов – яке аз гунаҳкорони марги панҷ мардикори тоҷик – тағйир дод ва то 4,5 сол дароз кард. Додгоҳи ноҳияи Орел охири моҳи августи имсол Аҳмад Аҳмадовро барои 2 солу 8 моҳи зиндон маҳкум карда буд.

Беҳрӯз Саидов, муҷрими дигар дар ин қазия, 2 солу 2 моҳ аз озодӣ маҳрум шудааст ва ин ду нафар замони адои ҷазояшонро дар маҳбаси низомаш умумӣ пушти сар хоҳанд кард.

Ду ҷасадро аз ҷангалзоре дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ва ҷасади се мардикори дигари тоҷикро аз як истгоҳ дар наздикии рустои Беликовои ноҳияи Ленини вилояти Тула пайдо карданд.

Қаблан намояндаи додситонӣ аз ҳукми пешинаи Аҳмад Аҳмадов, ки аз тарафи додгоҳи ноҳиявии Орел эълон шуда буд, норизоӣ карда ва барои бозбинӣ ба додгоҳи вилоятӣ шикоят бурд. Ӯ гуфт, ҳукми пешинаи додгоҳ нисбат ба Аҳмадов "хеле сабук" аст ва бояд бознигарӣ шавад.

Торнамои расмии Додситонии вилояти Орел навиштааст, мурофиаи бозбинии ҳукми Аҳмад Аҳмадов рӯзи 13 октябри имсол сурат гирифт. Аҳмад Гаҷиевич Аҳмадов – зодаи Озарбойҷон ва Беҳрӯз Саидов – зодаи Тоҷикистон буда, онҳо бар асоси қисми севуми моддаи 109 (аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расондани беш аз ду нафар), бандҳои «а» ва «б»-и қисми дувуми моддаи 215.3 (хароб кардани маҳсулоти нафтӣ бо маслиҳати пешакӣ ва тавассути тахриби лӯлаи нафт) ва банди «б»-и қисми севуми моддаи 158 (дуздӣ аз дӯлаи нафт)-и Кодекси ҷиноии Русия айбдор шудаанд.

Ба қавли мақомоти додгоҳ, Аҳмад Аҳмадов ба хотири ғайриқонунӣ пайваст шудан ба лӯлаи нафти «Куйбишев – Брянск» ва дуздии маводи сӯхт аз ин лӯла барои анҷоми ин корҳо Беҳрӯз Саидов ва 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро ҷалб кардааст. Рӯзи 8 июли соли 2015 ҳангоми пайваст шудан ба лӯлаи нафте, ки аз қаламрави вилояти Орел мегузарад, бар асари танаффуси гази хориҷшуда аз генератори бензиние, ки онҳо дар нақби зеризаминӣ истифода мебурданд, ҳамаи ин 5 мардикор ҳалок шуданд.

Ин муҳоҷирони фавтида Хуршед Шарифович Ёрматов (1988, Ҳамадонӣ), Самандар Салимович Халифаев (1989, Ҳамадонӣ), Солеҳҷон Одилович Дилшодов (1982, Ҷайҳун), Фирдавсӣ Ашӯрович Нодиров (1980, Данғара) ва Шаҳром Набиев (1988) буданд.

Ба қавли масъулони додгоҳ, Беҳрӯз Саидов ба Аҳмад Аҳмадов аз фалокати рухдода хабар медиҳад ва онҳо ҷасадҳоро ба селофан печонда, дар ҳудуди вилоятҳои Тула ва Маскав партофтаанд. Ду ҷасадро рӯзи 8 июли соли гузашта аз ҷангалзоре дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ва ҷасади се мардикори дигари тоҷикро рӯзи 11 июл аз як истгоҳ дар наздикии рустои Беликовои ноҳияи Ленини вилояти Тула пайдо карданд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд. Маризӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро, ихтилофи байни худи тоҷикҳо ва ҳодисаҳои ногаҳоние, чун ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо аз иллатҳои умдаи марги мардикорони тоҷик дар ин мулки мусофирӣ шумурда мешаванд.

XS
SM
MD
LG