Пайвандҳои дастрасӣ

Насби бухорӣ дар баландошёнаҳои Рӯдакӣ. ВИДЕО


Насриддин Ёров ҳангоми оташмонӣ дар бухории хонааш

Бархе аз сокинони биноҳои баландошёна дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ба далели бебарқӣ маҷбур шуданд, ки дар манзилашон бухорӣ (печка) насб кунанд. Вале мақомот мегӯянд, ки ба қадри лозим ба манзили сокинон нерӯи барқ интиқол меёбад ва вазъ ҳанӯз ба хатти қирмиз наздик нашудааст.

Аммо мақомоти "Барқи тоҷик" мегӯянд, сокинони ҳама минтақаҳои кишвар дар шабонарӯз 24 соат нерӯи барқ мегиранд ва ноҳияи Рӯдакӣ низ истисно нест.

Насриддин Ёров, сокини маҳаллаи панҷуми ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 25 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан таҷрубаи насби бухорӣ дар баландошёнаҳоро надошт ва барои ҳамин пешопеш барои зимистонгузаронӣ омодагӣ надида буд. Ӯ гуфт, дар гузашта бо истифода аз нерӯи барқ хонаҳояшонро гарм мекарданд ва ин шабу рӯз барқ зуд-зуд хомӯш шуда, онҳоро дар шароити ногувор гузоштааст.

Сӯҳбатҳои видеоии сокинони Рӯдакӣ инҷост:

Ёров гуфт, "аз ночорӣ бухорӣ шинондем. Рости гап, ҳар чизе ёфтем, ҳезум аст ё ангишт ва ҳатто баклашка, дар дохилаш мепартоем, то каме сӯзаду сардии хонаро шиканад". Насриддин Ёров афзуд, дар хонаи ӯ ду кӯдак ҳаст ва онҳо аз сардии зиёд бемор шудаанд. "Бовар накунед, даромада бинед. Зуком шудаанд, хобанд. Бояд ягон илоҷ карда, хонаро гарм кунем. Ман ин ҳафҳоро рӯйирост мегӯям, чун ҳар дафъа ваъда медиҳанд, барқ мешавад, вале ҳамон рӯзе, ки барқ мурд, омаданаш хеле мушкил аст", - афзуд ӯ.

Ин ҳарфҳои Насриддин Ёровро бошандагони як бинои дуошёнагӣ, ки дар замони Шӯравӣ дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ сохта шудааст, низ тасдиқ карданд. Яке аз занҳои маҳалла гуфт, шароиташон барои харидани ангишт намерасад ва барои ҳамин кӯшиш мекунанд асосан ҳезум ёфта биоранд.

"Хонаҳои мо бетонӣ аст, зуд хунук мешавад. Ду соат, се соат барқ медиҳанд, ки ҳатто хонаро гарм намекунад. Дар зимистон бетон хунук мешавад ва то дергоҳ гарм карданаш мушкил аст", - гуфт ӯ.

Дониёр Тағоев
Дониёр Тағоев

Дониёр Тағоев, сокини дигари маҳаллаи панҷум дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, онҳо дар як ҳуҷраи хонаашон бухорӣ часпондаанд ва онҷоро дар як вақт ҳам ба унвони ошхона истифода меунанд ва ҳам ба унвони ҷойи хӯрду хӯрок ва гоҳе дигар - ҷомашӯйхона. Ӯ гуфт, "одам аз ночорӣ ин корро мекунад. Илоҷ надорем, роҳи дигар надорем. Ваъда медиҳанд, ки ба манзилҳои баландошёна доимӣ қувваи барқро медиҳанд, вале то ҳол надодаанд. Намедонем, ба кӣ бовар кунем."

Аммо мақомоти "Барқи тоҷик" мегӯянд, сокинони ҳама минтақаҳои кишвар дар шабонарӯз 24 соат нерӯи барқ мегиранд ва ноҳияи Рӯдакӣ низ истисно нест. Ба иттилои мақомоти “Барқи тоҷик”, "аз рӯзи 14 декабр ҳамаи минтақаҳои кишвар пагоҳӣ аз соати 05-00 то 11-00 ва бегоҳӣ аз соати 16-00 то 22-00 барқ мегиранд. Барои риояи ҳатмии ҷадвал роҳбарони ҳамаи шабакаҳои барқӣ аз ҷониби раиси “Барқи Тоҷик” супориши мушаххас гирифтанд. Он соатҳое, ки бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла рух додани садамаҳо, муштариён барқ намегиранд, баъди аз байн бурдани садама дар дохили ҳамон шабонарӯз миқдори соатҳои барқи нагирифтаашон ҷуброн мегардад."

Тоҷикистон ҳар сол дар фасли тирамоҳу зимистон ба камбуди нерӯи барқ дучор мешавад. Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” дар моҳи ноябри имсол эълон карданд, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба хонаи сокинон шурӯъ шудааст, аммо ин лимит ба шаҳрҳои асосии кишвар, бахусус Душанбе, дахл надорад. Вале сокинони пойтахт имсол зиёдтар аз камбуди барқ дар хонаву маҳаллаҳояшон шикоят карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта ҳангоми ироаи паёми солонааш ба порлумон ва мардуми кишвар гуфт, то се соли дигар лимити нерӯи барқ ба пуррагӣ аз байн бурда хоҳад шуд. Ӯ дар ин робита нерӯгоҳи Роғунро роҳи наҷот донист ва гуфт, барои сохтмонаш то кунун 12 миллиард сомонӣ сарф шуда ва дар соли ҷорӣ 2 миллиарду 16 миллион сомонии дигар ҷудо гардидааст. "Дар соли 2018 чарха ё агрегати нахустини ин нерӯгоҳ ба кор медарояд ва пас аз 3 сол истиқолияти энержӣ таъмин хоҳад шуд", - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG