Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак даргузашт, сарнавишти долларҳояш маълум нест


Ҳуснӣ Муборак ба сӯи тарафдоронаш аз дохили шифохонае даст меафшонад. Рӯзи 25-уми апрели соли 2016.

Муҳаммад Ҳуснӣ Сайид Муборак, президенти собиқи Миср, ки наздики 30 сол раҳбарии ин кишварро ба ӯҳда дошт, рӯзи 25 феврал дар синни 91-солагӣ даргузашт. Ин раҳбари худкома аз 14-уми октябри соли 1981 то 11-уми феврали соли 2011 сари қудрат буд, бераҳму мустабид ва айни замон бисёр шахсияти баландпарвоз ба ҳисоб мерафт ва бешубҳа, ҳунару истеъдоди зиёд дошт.

Шояд ба ҳамин хотир ҳам дӯстону рақибонаш ӯро бо Муҳаммад Алипошшо қиёс мекунанд, ки дар нимаи дуюми қарни 19 муовини султони Миср буд ва бар зидди императории Туркони Усмонӣ қиём кард ва тавонист Мисрро ба кишвари мустақил ва мӯътабар дар байни дигар қудратҳо табдил диҳад.

Ҳуснӣ Муборак 1-уми майи соли 1928 дар хонаводаи як заминдори хурд дар деҳаи дар канораҳои дарёи Нил чашм ба дунё кушод. Соли 1949 Академияи низомии Қоҳираро аъло хатм карда, панҷ сол баъд аз Академияи нирӯҳои низомии ҳавоӣ дар дараҷаи бакалавр хориҷ шуд. Муборак дар сафи нерӯҳои ҳавоӣ ба ҳайси халабон хидмат карда, дар набардҳои ҳавоии ҷанги Суэз дар соли 1956 аз худ ба унвони як мураббии хуб дарак додааст. Дар ҷанги шаҳрвандии Ямани Шимолӣ солҳои 1962-63 дар ҳайати контингенти мисрӣ раҳбарии як эксадрони бомбафканро ба ӯҳда дошт.

Хидмат дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон

Муборак муддати тӯлонии кору фаъолияташро дар Иттиҳоди Шӯравӣ сипарӣ кардааст, чун солҳои 1950-60 ин кишвар муттафиқи аслии низомиву сиёсии Миср буд. Дар Қирғизистон Муборак дар ҳавопаймоҳои баландсуръати бомбаафкани он замон - Ил-28 ва Ту-16 ҳунари парвозро сайқал дод. Дафъаи дигари бозгашташ ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар Академияи низомии ба номи Фрунзеи шаҳри Маскав таҳсил кард. Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки таҷрибаи шӯравии Муборак, ки дар солҳои нисбатан ҷавонаш андӯхтааст, метавонист, ба дидгоҳҳои ӯ дар зиндагӣ ва ҳам арзишҳои шахсиаш асар гузорад.

Июни соли 1967 ҷанги шашрӯза бо Исроил барои Миср фоҷеабор анҷомид. Дар ин ҷанг тамоми нирӯҳои ҳавоии Миср, ки аз ҷиҳати шумор ба маротиб бештар аз нерӯҳои Исроил буданд, пурра нобуд карда шуданд. Ҷамол Абдунносир, президенти Миср Муборакро фармондеҳи ситоди нирӯҳои ҳавоӣ таъйин кард ва аз он замон ӯ дар сохторҳои низомӣ то рафт боло шудан гирифт. Ба зудӣ фармондеҳи нирӯҳои ҳавоӣ, муовини вазири дифоъ ва баъди як сол – маршали калони авиатсия шуд. Мегӯянд, аз ибтидои солҳои 1970-ум ва ба вижа октябри соли 1973, вақте Мисру Сурия бо нияти интиқомҷӯӣ аз мағлубиятҳои қаблӣ бо Исроил як ҷанги 18-рӯза барпо карда дар натиҷа ноком шуданд, боз ҳам Муборак барои маҳорати раҳбарии амалиёти ҷангӣ ситоиш шуд.

Захмӣ ва сипас раиси ҷумҳур шуд

Соли 1975 президенти нав Анвар Содот Ҳуснӣ Муборакро муовини президент ва чанд сол баъд раиси ҳизби ҳокими милливу демократӣ таъин кард. Шашуми октябри соли 1981 дар як раҳпаймоии ҳарбӣ Содот аз дасти террористон кушта шуд ва Ҳуснӣ Муборак, ки дар назди президент истода буд, аз дасташ захмӣ шуд. 12 рӯз баъди ҳодиса Ҳусни Муборак мақоми президенти Мисрро ишғол ва дар кишвар вазъи фавқуллода эълон кард. Аз ҳамон замон барои таҳкими қудрати шахсӣ, алайҳи тамоми рақибони сиёсӣ, бахусус ифротгароҳои исломӣ, ҷанги беамон бурд. Мақомҳои зиёди баландпояи ҳукуматӣ, аз ҷумла, наздикону хешовандони президенти собиқ Содот ҳам ба додгоҳ кашида шуданд.

Мегӯянд, ки дар тамоми давраи раёсатҷумҳуриаш Муборак на камтар аз шаш дафъа ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтааст. Масалан, соли 1995, замоне, ки ӯ аз Эфиопия дидан мекард, мошинашро тирборон карданд ва соли 1999 ҳангоми суханрониаш талош карданд ба ӯ бо корд бизананд, вале ҳеҷ гоҳ ба Муборак осебе нарасидааст. Дар ҳолатҳои зарурӣ Муборак ба гузашт роҳ медод ва шароити фаъолиятҳои ҳизбҳои сиёсиро нармтар мекард ва ҳам ҳатто иҷоза дод, ки нашрияҳои худро чоп кунанд. Айни замон, бархе созмону ташаккулҳои усулгаро решакан шуда, раҳбаронашон ҳукми қатл гирифтанд.

Муборак, ки замони дар як инзивои комил қарор доштани Миср сари қудрат омад, тавонист, дар сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳое ноил шавад. Ӯ равобити Мисру кишварҳои узви Лигаи кишварҳои арабро барқарор карду ба як раҳбари муҳими ҷаҳони ислом табдил шуд. Соли 1991 ӯ яке аз аввалин раҳбароне шуд, ки ҷанги Амрико дар Кувайтро пуштибонӣ ва барои ширкат дар ҷанги зидди Ироқ сарбозони зиёдро сафарбар кард.

Пирӯзиҳои пайдарпай ва дар ниҳоят суқут

Ҳусни Муборак дар овоздиҳии солҳои 1987, 1993 ва 1999 дар интихоботҳои бидуни рақобат дар мақоми президентӣ пирӯз шуд ва ин ҳам дар шароите буд, ки давоми даҳсолаҳо дар Миср ҳолати изтирорӣ амал мекард. Соли 2005 ба Конститутсияи Миср баъзе тағйирот ворид шуд ва ба ҳизбҳои сиёсӣ ҳақ доданд, ки дар интихобот номзад пешбарӣ кунанд. Вале баъди нав шудани қонун ҳам дар интихоботи аввал Муборак ғалаба кард ва нозирон гуфтанд, ки интихобот бо тақаллуб гузашт. Панҷ сол гузашту Ховари Миёна бо “Баҳори араб” дучор шуд ва Муборак 11-уми феврали соли 2011 чунин эълон кард:

“Қарор кардам, ки мутобиқи конститутсия салоҳиятҳои президентии худро ба муовини президент вогузор кунам. Боварии қотеъ бовар дорам, ки Миср метавонад, ин бӯҳронро пушти сар кунад ва кишвари мо зери ин фишорҳо барҳам намехӯрад. Бо қотеияту ҷавонмардии писарону духтаронаш, Миср дубора рӯи по меистад ва аз болои ҳама тавтеагару бадхоҳон пирӯз мешавад!”.

Тахминан ҳамон шабурӯз буд, ки дар Муборак бемори саратони меъда ошкор карданд. Баъдан ҳабс шуд, мурофиаи додгоҳӣ барпо гашт ва бар асоси қарори додгоҳ, ӯро аз 2 июни соли 2012 ӯро ба зиндони абад маҳкум карданд. Он замон ӯ 84 сол дошт. Мегуфтанд, ки пеш аз тарки қудрат кардани Муборак, сарвати ӯ 70 миллиард долларро ташкил медод. Ин маблағ ду баробар бештар аз қарзи хориҷии Миср буда, маълум нест, сарнавишти ин ҳама дороиҳо чӣ шуд.

Соли 1978 Ҳусни Муборак бо Сюзанна Сабет оила барпо кард. Ин занро дар Миср ҳамчун “Модар Сюзанна” мешиносанд. Ӯ як мутахассиси соҳаи ҷомеашиносӣ ва таҳқиқоти сиёсӣ буда, падараш аз Миср ва модараш аз Уэлс буданд. Дар бахши ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакону занон кор карда, бештар бо корҳои хайрия машғул шудааст. Дар Ғарб ҳам чанд бор ҷоизаҳои бонуфуз ба даст оварда буд. Дар оилаи Ҳусни Муборак ду писар бузург шудаанд – Ало ва Ҷамол. Дар Миср чандин сол сару садо буд, ки президент дар фикри ба писари хурдиаш Ҷамол вогузор кардани қудрат мебошад.

Муаллиф Александр Гостев. Асли матлаб русӣ ва инҷост.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG