Дар Тоҷикистон, ҳазорҳо километр дур аз Миср, ба шахсияту фаъолияти Мурсӣ назарҳои гуногун доранд. Баъзеҳо Мурсиро "рамзи пирӯзии исломи сиёсӣ" ва даргузашташро фоҷиа меноманд. Бархеи дигар мегӯянд, "ӯ бо тоҷикон ҳеҷ пайванд надошт ва будан ё набуданаш чизеро дар кишвари мо тағйир намедиҳад".
Дар асл Муҳаммад Мурсӣ кӣ буд ва чаро дар байни гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон маҳбубият дошт?
"Ягон кас дар Тоҷикистон на Мурсӣ ва на барномаи корашро намедонад. Ҳатто намедонанд, ки ӯ муҳандиси физика буд", -- мегӯяд Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон. Вале, ба бовари ӯ, дар Тоҷикистон бештар ба он таваҷҷуҳ кардаанд, ки Мурсӣ яке аз раҳбарони созмони исломии "Ихвонулмуслимин" буд ва соли 2012, баъд аз сарнагунии Ҳуснӣ Муборак ва ҳукумати 30-солаи ӯ, ҷилави қудратро дар Миср ба даст гирифт.
Азизӣ гуфт: "Барои тарафдорони Мурсӣ дар Тоҷикистон ӯ рамзи пирӯзии ихвониҳо дар Миср аст, рамзи пирӯзии кӯтоҳмуддат. Касе, ки ҳаводор аст, гумон мекунад, исломи сиёсӣ ҳам метавонад дар ҷодаи сиёсат комёб шавад."
Чанд коршиноси дигари тоҷик гуфтанд, ҳимояти як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон на аз шахсияти худи Мурсист, балки бештар аз исломи сиёсист. "Вагарна Мурсӣ солҳои зиёд дар ҳайати созмони “Бародарони Мусалмон” буд ва барои пайравӣ аз он чанд сол дар зиндон низ будааст. Вале касе аз Мурсӣ чизе намегуфт, то замоне ки ӯ ба майдони сиёсат омад ва ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаст", -- гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо.
Искандар Шодиев, пажӯҳишгари тоҷик мегӯяд, қишре, ки Мурсиро ба унвони рамзи озодӣ мешиносанд ва аз ӯ тарафдорӣ мекунанд, "асосан исломгароён ҳастанд". Ин гуруҳ, ба қавли Шодиев, “аз маҳдудиятҳои зиёди мазҳабӣ хаста шудаанд ва расидан ба раёсат яке аз орзуҳояшон ҳаст”.
Саидаҳмад Қаландаров, коршиноси масоили мазҳабӣ мегӯяд, тарафдорони Мурсӣ дар Тоҷикистон бахусус ҷавонон аз асли қазия ва чӣ гуна ба сари қудрат омадани Мурсӣ огоҳ нестанд. “Ҷавонон гумон мекунанд, ки Мурсӣ як чеҳраи бисёр бориз буд. Ӯ бозичаи дасти абарқудратҳо буд, ки ба сари қудрат оварданд ва боз аз қудрат дур карданд”, - афзуд ӯ.
Дар ин саф онҳое низ ҳастанд, ки барои ҳимоят аз Муҳаммад Мурсӣ далелҳои худро доранд. Онҳо бовар доранд, Мурсӣ на танҳо барои ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон, “балки барои тамоми ҷомеаҳое, ки заҷри диктатураро мекашанд, рамзи озодагӣ будааст”.
“Бибинед, қисмати огоҳтарини ҷомеаи Тоҷикистонро касоне ташкил медоданд ва ташкил медиҳанд, ки мухолифи яккаҳизбӣ ва диктатура ҳастанд. Мурсиро мардум интихоб карданд ва ӯ барои мисриҳо, ки аз аҳди Малик Форуқ то поёни ҳукумати Ҳуснӣ Муборак умеди худро аз демократия ва интихоботи шаффоф канда буданд, як қаҳрамоне шуд, ки ин тасаввури шахшударо шикаст. Маҳз, дар даврони кӯтоҳи ҳукумати Мурсӣ, ҷомеаи мисрӣ хостҳои худро ошкор ба ҳукумат ва ҷомеаи байналмилал ироа дошт. Бо зиндон шудани Мурсӣ, ҷомеаи мисрӣ боз баста шуд ва озодиҳо маҳдуд гардида, рукуди иқтисодӣ ва сардаргумиву тарси пешина боз фазои кишварро печидан гирифт”, -- гуфт коршинос Умеди Воҳид.
Бо гузашти як рӯз аз марги Муҳаммад Мурсӣ ва дафни ӯ дар Қоҳира ҳанӯз шиддати баҳс миёни тарафдорон ва мухолифони тоҷики ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ поин нашудааст. Он гуна, ки соли 2012 баробари ба қудрат расидани ӯ ва соли 2013 баробари аз тахт афтодани ӯ чунин баҳс ҷараён гирифта буд.
Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури пешини Миср, рӯзи душанбе дар додгоҳ даргузашт. Додситони Миср гуфт, Мурсӣ пас аз суҳбат дар дохили қафаси додгоҳи шаҳри Қоҳира аз ҳол рафтааст. Дар баёнияи кӯтоҳи ҳукумати Миср гуфта шудааст, ӯ ба бемористон интиқол ёфт, ҷое, ки хабари маргаш эълон шуд. Дар баёния омадааст, гузориши тиббии Мурсӣ нишон медиҳад, ки ҳеч захме дар бадани ӯ вуҷуд надоштааст.
Мурсӣ моҳи июни соли 2012 ба ҳайси раиси ҷумҳури Миср савганд ёд кард. Давраи яксолаи раёсати ҷумҳурии Мурсӣ бо эътирозҳои густарда ва хунин ҳамроҳ буд ва дар ин муддат даргириҳои бешуморе байни ҳомиён ва мухолифони ӯ рух дод.
Норозиён Муҳаммад Мурсиро ба он муттаҳам мекарданд, ки аз демократияи навпои Миср ба фоидаи гуруҳи “Ихвонулмуслимин” истифода мекунад.
Додгоҳ соли 2014 Мурсӣ ва панҷ узви баландпояи созмони “Бародарони Мусалмон”-ро бо иттиҳоми “ҷосусӣ ба нафъи Қатар, гурӯҳи Ҳамос ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ба қатл маҳкум кард, вале дертар онро ба ҳабси абад иваз намуд. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар марги Мурсиро фоҷиа, аммо пешгӯишаванда номид. Чун ба қавли созмон, мақомот барои табобати ӯ иҷоза намедоданд. Муҳаммад Судон, як узви баландпояи “Ихвонулмуслимин” дар Лондон марги Мурсиро ба “қатли аз пеш тарҳрезишуда” шабоҳат дод. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ки бо Мурсӣ робитаи наздик дошт, ӯро “як шаҳид” хондааст.