Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Муҳаммад Мурсӣ дар толори додгоҳи Миср даргузашт

Муҳаммад Мурсӣ дар додгоҳ дар соли 2015

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср, дар толори додгоҳ аз ҳуш рафта ва фавтидааст. Ба хабари телевизиони давлатии Миср, ӯ рӯзи 17-уми июн ҳангоми муҳокима дар додгоҳе дар Қоҳира ҷон дод. Ҷасадашро ба шифохона бурдаанд.

Муҳаммад Мурсии 67-сола, аз раҳбарони асосии "Ихвон-ул-муслимин", яке аз созмонҳои исломии мамнӯъ дар Миср буд. Ӯро баъди як соли раёсати ҷумҳурӣ дар Миср дар соли 2013 баъди тазоҳуроти азими мардумӣ артиши кишвар барканор кард.

Баъд аз ин фаъолияти гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин”, ки аз Мурсӣ пуштибонӣ мекард, манъ карда шуд ва ҳазорон аъзои он ба зиндон андохта шуданд.

Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳуре буд, ки пас аз сарнагунии ҳукумати Ҳуснӣ Муборак аз роҳи демократӣ дар интихобот раҳбари як кишвари арабӣ шуд. Вайро ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекарданд ва аз соли 2013 дар зиндон буд.

Созмони Human Rights Watch гуфт, марги Муҳаммад Мурсӣ "фоҷиаангез", вале "пешгӯишаванда" буд, чун мақомот иҷоза надоданд, ки ба ӯ кумаки пизишкӣ расонда шавад.

Яке аз аъзои баландпояи созмони "Бародарони Мусалмон" дар Лондон Муҳаммад Судан марги Мурсиро ба "куштори аз қабл тарҳрезишуда" баробар донист.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ки бо Мурсӣ робитаи зич дошт, ӯро "шаҳид" ном бурд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Амрико ба Тоҷикистон барои пешгирӣ аз коронавирус $866 000 дод. ВИДЕО

Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон

Ҳукумати Амрико барои мусоидат ба омодагии Тоҷикистон ҷиҳати муқобила бо коронавирус 866 ҳазор доллар ​ҷудо кард.

Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Душанбе, рӯзи 7-уми апрел дар ин бора иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ин маблағ тавассути Оҷонси Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва ҳамкоронаш дар Тоҷикистон -- Abt Associates, Салиби Сурх ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ -- дастрас хоҳад шуд.

"Ин маблағ барои омӯзиш додани пизишкону парасторон ва хариди дастгоҳҳои зарурӣ ва санҷиши дақиқ барои бемористонҳо сарф карда мешавад", - илова кард ӯ.

Сафири Амрико дар идома гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ ва дӯстӣ бо мардуми Тоҷикистонро арҷ мегузорад ва ба ироаи кумакҳояш дар шароити коронавирус ҳам идома хоҳад дод.

То ин дам Бонки Ҷаҳонӣ барои омодагии Тоҷикистон ҷиҳати муқобила бо коронавирус беш аз 11 миллион доллар ва Олмон як миллион евро кумак кардаанд.

Дар Минск ду муовини додситон барои қочоқи маводи мухаддир ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд

Бинои додгоҳе дар Беларус

Ду муовини додситони шаҳри Минск, пойтахти Беларус дар робита бо иттиҳоми даст доштан дар маводи мухаддир боздошт шуданд. Дар изҳороти рӯзи 6 апрел Додситонии кулли Беларус гуфт, ки муовинони додситонҳои ноҳияҳои Ленин ва Советскии шаҳри Минск бар асоси моддаи “истеҳсоли ғайриқонунӣ, ҳифзу интиқол ва қочоқи маводи нашъадор” гумонбар дониста мешаванд. Ин парванда то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Исми ин ду мақом нашр намешавад, вале дар хабари расмӣ гуфта шудааст, ки онҳо аз мақом сабукдӯш ва ба ҳабс гирифта шуданд. Моҳи август дар як суханронии интиқодиаш президент Аляксандр Лукашенка сохторҳои ҳифзи қонунро барои нокомӣ дар мубориза бо таҳқиқи қазияҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир интиқод карда буд. Декабри соли 2016 дар миёни 17 маҳкумшуда барои ташкили як шабакаи муташаккили қочоқбарони маводи мухаддир ду афсари собиқи КГБ ва як афсари пешини полис ҳам муҷозот шуданд.

HRW гуфт, Аслам Форуқӣ бояд дар додгоҳи одилона муҳокима шавад

Абдулло Оракзай, маъруф бо лақаби Аслам Форуқӣ рӯзи 4 апрел ҳамроҳ бо ду фармондеҳ ва 19 шӯришии дигар боздошт шуд

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Афғонистон тақозо кард, ки раҳбари гурӯҳи “Давлати исломии вилояти Хуросон”-ро, ки як ташаккули вобаста ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошад, бар асоси иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ба ҷавобгарӣ кашанд. HRW рӯзи 6 апрел бо пахши изҳороте гуфт, ки Афғонистон бояд Аслам Форуқиро, ки ду рӯз пеш дар вилояти Қандаҳор боздошт шуд, бар асоси муқаррароти байналмилалии ҳуққуқи башар бо мурофиаи одилона таъмин кунад.
Исми воқеии Форуқӣ Абдуллоҳ Оракзай буда, июли соли 2019 раҳбарии созмони ба ном “Давлати исломии вилояти Хуросон”-ро ба ӯҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ масъулияти чандин ҳамла дар саросари Афғонистонро ба ӯҳда гирифта даҳҳо мардуми мулкиро ба қатл расонидааст. Патрисиа Госсман, яке аз мудирони бахши Осиёи HRW гуфт, боздошти Форуқӣ “барои ҳукумати Афғонистон имконият медиҳад, ки тавонмандии худро дар таъмини адолат нисбати қурбониҳои ҷиноятҳои ҷангӣ ва дигар беқонуниҳо ба намоиш гузорад”. Госсман гуфт, ки имкони дар додгоҳ баёнот додани осебдидаҳои ҷиноятҳои Форуқӣ хеле муҳим мебошад.

Ҷоизаи Радиои Азаттик ва ҳамкоронаш барои таҳқиқоти журналистӣ 

Нашри қисми аввали таҳқиқот журналистӣ рӯзи 25 ноябри соли 2019 мардумро бо талаби мубориза бо фасод ба майдони Алатоои шаҳри Бишкек баровард

Тими муштараки журналистони бахши Қирғизии Радиои Озодӣ - Аззаттик, Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи қирғизии Kloop.kg бо ҷоизаи ба номи Том Реннер мукофотонида шуданд, ки аз ҷониби созмони амрикоии Гузоришгарону сардабирони таҳқиқгар (Investigative Reporters and Editors - IRE) таъсис шудааст. Ин ҷоиза барои як силсила гузоришҳои таҳқиқотии журналистон дар бораи фош шудани шабакаи аз кишвари нодори Қирғизистон хориҷкунандаи миллионҳо доллар пулҳои нақд тақдим шуд.

IRE рӯзи 6 апрел дар изҳороте гуфт, ки силсилатаҳқиқоте зери унвони “Ғоратгарӣ ва сарпарастӣ дар қалби Осиёи Марказӣ” фошкории воқеии амалҳоест, ки мардум “аз тарси куштор намехоҳанд, ки гуфта шавад ва бешубҳа барои журналистон ҳам хатар эҷод мекунад”. Дар ин таҳқиқи журналистӣ соҳибкори уйғуртабори 37-сола аз Шинҷони Чин Айкере Сайматӣ, ки бо пулшӯӣ машғул будааст, нақл мекунад, ки чигуна миллионҳо доллар маблағро аз Қирғизистон берун бурдааст”. Дар ин шабака исми чандин нафари бонуфуз, аз ҷумла мақомдорон ҳам фош мешавад. Сайматӣ ноябри соли 2019 дар Истамбул кушта шуд, вале пеш аз он як баста санадҳоеро ба дасти журналистон дод, ки дар он нақшаи берун бурдани пулҳо аз Қирғизистон фош мешавад.

Макрон аз Эрон хост, эҳтироми уҳдадориҳои ҳастаиашро ба ҷо орад

Маркази табдили ураниуми Фарду дар Қуми Эрон

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, аз Эрон хост, дар фурсате ки тамаркузи ҷаҳон ба буҳрони коронавирус равона шудааст, эҳтироми уҳдадориҳои ҳастаиашро ба ҷо орад.

Дар як суҳбати телефонии 6-уми апрел бо президенти Эрон, Макрон ба раиси ҷумҳурӣ Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд дар мубориза бо тавсеаи вирус ҳамкорӣ кунад.

Дар изҳороти ҳукумати Фаронса гуфта шудааст, Макрон изҳори умед кард, ки Эрон "мутобиқ ба уҳдадориҳои ҳастаии соли 2015 амал карда, аз ҳама гуна иқдоми нав худдорӣ мекунад" ва ҷомеаи ҷаҳонӣ "барои коҳиши таниши минтақавӣ" саҳмгузор хоҳад шуд.

Дафтари президенти Эрон хабар дод, ки дар ин гуфтугӯ Рӯҳонӣ ба муборизаи ҳамоҳангшудаи ҷаҳонӣ ба зидди коронавирус даъват ва дархости кумак кардааст. Рӯҳонӣ гуфтааст, "бе ҳамкории ҷаҳонӣ ва табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ мо дар ин марҳилаи буҳронӣ дастболо нахоҳем шуд".

Рӯзи 6-уми апрел созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз Амрико тақозо кард, ки Вашингтон таҳримҳои ҷоришуда боло Эронро сабуктар кунад.

Вашингтон баъд аз он ки соли 2018 аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун шуд, таҳримҳо ба зидди ин кишварро боз ҳам сангинтар кард.

Дидбони ҳуқуқи башар аз Иёлоти Муттаҳида хост, номгӯи маҳсулоти озод аз таҳримҳоро бештар карда, дар замони пандемияи коронавирус дастрасии ин кишварро ба захираҳои зарурии башарӣ таъмин кунад.

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Эрон ёрии башардӯстона пешниҳод кард, вале Эрон аз ин ёрӣ даст кашид.

Толибон гуфтанд, музокираи табодули зиндониҳоро қатъ мекунанд

Декабри соли 2019. Толибони маҳбуси зиндони Пули Чархии Кобул

Толибон гуфтанд, музокира бо ҳукумати Афғонистон, ки бо миёнҷигии ИМА ба хотири табодули зиндониҳо шурӯъ шуда буд, қатъ мешавад. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар рӯзи 7 апрел дар Твиттераш навишт, ки тими фаннии Толибон “дар музокираҳои бесамар” иштирок намекунад. Шоҳин маъмурияти президент Ашраф Ғаниро дар он муттаҳам кард, ки бо баҳонаҳои гуногун ҷараёни озодкунии зиндониҳоро ба таъхир мегузоранд. Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон аз Толибон тақозо кард, ки аз роҳи “баҳонаҷӯӣ” ҷараёни корро ба ҳам назананд.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки Толибон озод кардани фармондеҳони аршади ин гурӯҳи шӯриширо тақозо доранд, ки ба гуфтаи мақомот, дар солҳои гузашта дар анҷоми ҳамлаҳои пурхушунат даст доштанд. Боздошта шудани музокираҳо ба тавсеаи хушунатҳо ва иҷро нашудани нақшаи аз Афғонистон берун рафтани нирӯҳои амрикоӣ сабаб мешавад. Ин шартҳои муҳими созиши сулҳи ИМА бо Толибон мебошад, ки 29 феврал дар Қатар имзо шуда буд. Як бахши дигари созиш ин аст, ки ба нишони эътимоди ҳамдигарӣ ҳукумат 5 ҳазор узви Толибон ва гурӯҳи шӯришӣ як ҳазор низомии ҳукумати Афғонистонро аз зиндонҳо озод мекунанд.

Афзоиши ҳодисаҳои марг бар асари Ковид-19 дар Аврупову ИМА

Корманди тиб ниқоби муҳофизатиро мепӯшад

Дар пасманзари идомаи пандемияи коронавирус ва афзоиши марги инсонҳо дар паи Ковид-19 дар саросари ҷаҳон, нахуствазири Бритониё, ки ба ин вирус гирифтор шудааст, ба бахши муроқибати шадиди бемористон интиқол дода шуд. Ҷонсон рӯзи 6 апрел баъди бадтар шудани вазъи саломатиаш ба беморхона бурда шуд. Вале дафтари нахуствазири Бритониё гуфт, ки Ҷонсон баҳуш буд ва зарурати ба таври сареъ дар зери дастгоҳи нафаскашӣ гузоштанаш набуд.

Ин хабар дар ҳолест, ки шумори ҳалокшудаҳо дар Бритониё бар асари олудагӣ ба Ковид-19 боз 400 нафар афзуда дар тамоми ин кишвар ба 5400 нафар баробар шуд. Дар дигар нуқоти Аврупо шумори марги инсонҳо бар асари олудагӣ ба Ковид-19 ҳамчунин афзуда, дар Фаронса 833 ҳодисаи нави марг ва дар Итолиё ҳам афзоиш ба қайд гирифта шуд.

Дар ИМА дар 24 соати гузашта 1150 ҳодисаи нави марги олудашудаҳо ба Ковид-19 ба қайд гирифта шуд. Дар Чин, ки сарчашмаи пайдоиши коронавирус мебошад, барои аввалин бор дар тамоми ин моҳҳо ҳеҷ ҳодисаи марг дар 24 давоми соати гузашта ба қайд гирифта нашудааст. Вале дар саросари ҷаҳон мақомот ҳушдор медиҳанд, ки агар мардум тадбирҳои эҳтиёткориву дурӣ аз ҳамдигар ва инзивои хонагиро риоя накунанд, бозгашти мавҷи хатарноки вирус аз эҳтимол дур нест.

Русия барои мубориза бо коронавирус ба СҶТ $1 млн дод

Бонки миллии Русия. Акс аз бойгонӣ.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои мубориза бо коронавирус ҳамчун кумаки якдафъаина, аз Русия 1 миллион доллар дарёфт кард. Русия ҳамчунин 61 миллион рубл ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Амрикои Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ва Африқо ҷудо хоҳад кард.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буҷаи худро аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмии кишварҳои узв ва хайрҳои довталабона пур мекунад. Ҳаҷми пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти вазъи некуаҳволии кишвар ва сокинон таъйин мегардад. Ба ин тартиб, Русия вазифадор аст, ки дар соли ҷорӣ 5,7 миллион доллар, Украина 136,4 ҳазор, Қазоқистон 425,8 ҳазор ва ИМА 57,8 миллион доллар бидиҳад.

Гирифтории 120 табиби қазоқ ба коронавирус

Мутахассисони қазоқ. Алмато, Қазоқистон.

Айжан Есмагамбетова, сартабиби беҳдоштии Қазоқистон гуфт, 19 дарсади гирифторони коронавирус дар ин кишвар кормандони тиб ҳастанд. Есмагамбетова дар як нишасти хабарии рӯзи 6-уми апрел гуфт, 120 табиб мубталои коронавирус шудаанд.

Ба гуфтаи вай, яке аз табибон дар ҳолати вазнин қарор дорад ва нуҳ тани дигар вазъи миёнаи вазнин доранд. 57 табиби дигар дар айни ҳол ин бемориро ба осонӣ пушти сар мекунанд.

Ҳукумати Қазоқистон пештар аз ин гуфт, маоши табибонеро бештар мекунад, ки ба табобати гирифторони коронавирус ҷалб шудаанд. Дар Қазоқистон то рӯзи 6-уми апрел 662 ҳолати гирифторӣ ба вируси нав сабт шудааст.

Дар он кишвар аз 16-уми март то 15-уми апрел бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии ин вабо ҳолати фавқулода эълом шуда, чанде аз шаҳрҳо комилан баста шудаанд. Вазорати тандурустии он кишвар авҷи гирифториро дар миёнаҳои моҳи апрел пешбинӣ мекунад. Ба бовари ин вазорат, дар Қазоқистон мумкин аст, то 3,5 ҳазор кас ба ин беморӣ гирифтор шаванд.

Коронавирус: Вазъи сиҳатии сарвазири Бритониё бад шудааст

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё.

Расонаҳои Бритониё хабар доданд, шоми душанбе вазъи саломатии сарвазири ин кишвар Борис Ҷонсон, ки ба коронавирус мубтало аст, бад шудааст.

Ба гуфтаи манбаъҳои SkyNews, Ҷонсон дар ҳолати беҳушӣ қарор надорад ва танҳо ба хотири эҳтиёт ба шуъбаи дигари беморхона интиқол ёфта, дар наздикии дастгоҳи нафаси сунъӣ бистарӣ карда шудааст.

Бо дархости Ҷонсон вазифаи сарвазириро вазири умури хориҷии Бритониё Доминик Рааб иҷро хоҳад кард.

Борис Ҷонсони 55-сола рӯзи якшанбе бо нишонаҳои коронавирус дар беморхона бистарӣ шуд.

Президенти Қирғизистон рушди низоми порлумониро ваъда дод

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ваъда дод, ки дар кишвараш низоми порлумониро рушд медиҳад.

"Ҳаводиси апрел дар низоми идории Қирғизистон тағйиротеро ба вуҷуд овард. Барои демократияи порлумонӣ гомҳои муҳим гузошта шуд. Мо барои рушди низоми порлумонӣ дар кишвар тамоми талоши худро хоҳем кард",-изҳор дошт Ҷеенбеков.

Ба гуфтаи ӯ, тадбиқи идеяи инқилоби апрелӣ вазифаи тағйирнопазири онҳо аст. "Мо бояд аз ин ҳаводис дарси ибрат бигирем ва имкон надиҳем, ки қароре зидди иродаи мардум қабул шавад",-гуфт вай.

Ин изҳороти Ҷеенбеков дар пасманзари пешниҳоди вакили порлумони Қирғизистон Курманкул Зулушев садо дод, ки гуфт, барои интихоби дубораи низоми идорӣ дар ин кишвар бояд раъйпурсӣ баргузор кард.

7-уми апрели соли 2010 дар инқилоби мухолифон дар назди "Кохи Сафед"-и Қирғизистон тирпаронӣ сурат гирифта, 86 кас кушта ва беш аз 100 нафар захм бардоштанд.

Дар натиҷаи ҳаводиси апрел президенти дувуми Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, аъзои хонаводаи ӯ ва атрофиёнаш аз кишвар фирор карданд.

Навбатпоии қазоқистониҳо барои дарёфти кумакпулӣ

Алмато, Қазоқистон, 3 апрел, 2020.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ду ҳафта пеш ба қазоқистониҳое, ки ба иллати паҳн шудани коронавирус ҷои кор ё тиҷорати худро аз даст додаанд, кумаки иҷтимоӣ дар ҳаҷми 42500 танга муодили ($95) ваъда кард. Ба гуфтаи Тоқаев, ин кумакро дар умум на камтар аз 1,5 миллион аҳолии Қазоқистон дарёфт хоҳанд кард.

Мақомоти қазоқ дертар гуфтанд, кумакро онҳое дарёфт мекунанд, ки расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд ва метавонанд инро исбот кунанд. Баъдан қоидаҳо соддатар шуда, гуфтанд, ба онҳое низ кумак карда мешавад, ки боре андоз насупориданд. Дар пайи ин изҳорот навбатпоии қазоқистониҳо дар назди идораҳои давлатӣ, бахусус почта ва бонкҳо барои ба қайдгирӣ ва дарёфти кумакпулӣ ба миён омадааст.

"Барои дарёфти 42500 танга мо бояд дар идораи таъминоти иҷтимоӣ сабти ном кунем. Барои сабти ном ба он мошин бояд 2600 танга супорем. Вале ман ин пулро барои чӣ месупорам? Оё баъди супоридани ин маблағ воқеан ҳам кумакпулиро дарёфт карда метавонам?",-изҳор дошт Гулнур Кетебоева, яке аз сокинони маҳаллӣ.

Мақомоти Қазоқистон ба сокинон пешниҳод карданд, ки барои дарёфти кумак тавассути сомонаи тозатаъсис ё барномаи телефонӣ дархост фиристанд. Вале корбарон мегӯянд, дар кори сомона ва барномаҳои мазкур нуқс вуҷуд дорад.

Бино ба маълумоти пешакӣ, эълони ҳолати фавқулодда дар Қазоқистон ва пурра баста шудани бузургтарин шаҳрҳои ин кишвар - Нурсултон ва Алмато аз 19 март ба вазъи молии ҳудуди 500 ҳазор қазоқистонӣ таъсири манфӣ расондааст. Дар Қазоқистон то рӯзи сешанбе 662 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Мақомоти қазоқ гуфтанд, киҳо метавонанд кумаки иҷтимоӣ дарёфт кунанд

Алмато, Қазоқистон, 3 март, 2020.

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Бирҷон Нуримбетов гуфт, киҳо кумаки иҷтимоии 42,5 ҳазортангаии давлатиро дарёфт хоҳанд кард. Ба гуфтаи вай, коргарони кирояи ширкатҳову муассисаҳои тиҷоратии хурду миёна, тиҷорати бузург дар шаҳрҳои карантиншуда ҳаққи дарёфти кумаки иҷтимоиро доранд.

"Касоне ки дар шароити фосилавӣ фаъолияташонро идома медиҳанд, ҳаққи дарёфти кумакро надоранд. Кумак ба онҳое дахл дорад, ки бидуни ҳифзи маош ба рухсатии меҳнатӣ фиристода шудаанд. Ба кормандони муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ин кумак дахл надорад",-гуфт Биржан Нуримбетов.

Вай ҳамчунин афзуд, дар ду рӯзи охир 412 ҳазор аризаи дархости кумак ворид шудааст. Баъди санҷишҳо дақиқ шуд, ки 1873 шаҳрванди аризадода то кунун даромади ҳангуфт доштааст.

"Онҳо дар аризаҳояшон навиштаанд, ки аз даромад маҳрум шуда, маблағе ҳам надоранд. Аммо маълум шуд, ки моҳҳои январ, феврал ва март аз 500 то 1-миллион тангаӣ даромад доштаанд. Акнун навиштаанд, ки аз 16 март ба ин тараф бе маблағ мондаанд. Албатта, ин кори нодуруст аст", - гуфт вазир.

Фавти ду узбекистонӣ дар Ню-Йорк аз коронавирус

Яке аз хиёбонҳои шаҳри Ню-Йорки Амрико. 21 март, 2020.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ду шаҳрванди Узбекистон - яке 51 ва дувумӣ 60-сола, аз коронавирус фавтиданд. Фавтидаҳо ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон дар ИМА зиндагии доимӣ доштанд. Даҳҳо ҳазор узбекистоние, ки айни ҳол дар Ню-Йорк зиндагӣ доранд, аз мубталошавӣ ба коронавирус нигаронанд.

Зани 60-солаи узбекистонӣ, ки аз коронавирус фавтид, нуҳ соли охир дар ИМА зиндагӣ мекард. Вай ҳамзамон чандин сол аз диабети қанд ранҷ мебурд. Ду ҳафта пеш вай бо нишонаҳои гирифторӣ ба вируси корона бистарӣ шуд, аммо ӯро ба шарти хонанишинӣ рухсат доданд. Баъди як ҳафтаи бадтар шудани сиҳатиаш дубора дар бемористон бистарӣ карданд.

Як рӯз пеш аз марги зани 60-сола, марди 51-солаи узбекистонӣ аз коронавирус фавтид. Ин мард низ аз бемории қанд ранҷ мебурд. Нимаҳои моҳи март вай бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус бистарӣ шуда буд.

Гуфта мешавад, дар Ню-Йорк ва атрофи он наздики 50 ҳазор узбекистонӣ зиндагӣ мекунад.

69 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус дар Қирғизистон

Ӯш, Қирғизистон, 4 апрел, 2020.

Вазири тандурустии Қирғизистон Собирҷон Абдикаримов гуфт, 6-уми апрел дар ин кишвар 69 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 сабт шудааст. Ба гуфтаи вазир, ҳолатҳои нав дар афроде ошкор шудааст, ки бо беморон тамос доштанд.

Дар маҷмӯъ дар бемористонҳои Қирғизистон 202 нафар табобат мегиранд, ки вазъи 5 танашон вазнин гуфта мешавад.

Дар Қирғизистон то 6-уми апрел 216 кас ба коронавирс мубтало шуда, чаҳор кас ҷон бохтаанд. То ҳол 10 кас шифо ёфтаанд. Имрӯз низ қарор аст, 23 тани дигар аз беморхона рухсат шаванд.

СММ гуфт, дар ҳолати карантин хушунати хонаводагӣ афзоиш ёфтааст

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бо нашри як паёми видеоӣ дар "Твиттер" гуфт, дар шароити карантин, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус ҷорӣ аст, ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ афзоиш ёфтааст.

"Ҳафтаҳои ахир мо дар пайи ташдиди фишорҳои иқтисодиву иҷтимоӣ шоҳиди ҳолатҳои даҳшатбори хушунати хонаводагӣ мешавем", - изҳор дошт дабири кулли СММ.

Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе аз кишварҳо шикояти занон ба хадамоти кумакрасон зиёд шудааст. Гутерриш мегӯяд, кори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тиб бештар шуда, манбаъҳо барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ намерасанд.

Дабири кулли СММ ба мақомоти кишварҳо пешниҳод кардааст, то сармоягузории созмонҳои ғайритиҷориеро афзоиш диҳанд, ки бо дастгирии қурбониёни хушунати хонаводагӣ машғул ҳастанд.

Дар Русия аллакай 9 созмони ҷамъиятие, ки бо қурбониёни хушунати хонаводагӣ кор мекунанд, аз мақомот хостанд, то барои ҳимоят ва кумаки осебдидагони вазъи карантин чораҳои фаврӣ андешанд.

Бино ба баъзе аз хабарҳо, дар ҳоли ҳозир дар саросари олам 2,6 миллиард одам дар ҳолати карантин ба сар мебаранд.

Даъват аз матбуоти Косово барои ҷилавгирӣ аз “шиддат” дар пасманзари бӯҳрони коронавирус

16 марти соли 2020. Як бемори эҳтимолан олудашуда ба коронавирусро ба беморхонаи шаҳри Приштинаи Косово оварданд

Федератсияи журналистони Аврупо (ФЖА) аз матбуоти Косово даъват кард, ки дар замони бӯҳрони беҳдоштӣ дар пасманзари пандемияи коронавирус, аз “шиддат бахшидан ба танишҳо” худдорӣ кунанд. Созмони мустақар дар Брюссел бо пахши изҳороте рӯзи 4 апрел гуфт, ки вазъи карантин дар шаҳраке бо аксар сербҳои сокинаш дар минтақаи Митровитсаи Шимолӣ аз ҷониби телевизиони давлатии РТК ва сомонаи интернетии Sinjali пӯшиши “нодуруст ва ғайриахлоқии иттилоотӣ” дидааст. “Чунин ба назар мерасад, ки бархе сиёсатмадорон, бахусус президенти Сербистон Александр Вучич ва раиси ҷумҳурии Косово Ҳошим Тачӣ бӯҳрони коронавирусро ба манфиати худ барои афзоиши таниши сиёсиву иҷтимоӣ истифода мекунанд”, гуфт Рикардо Гутерреш, дабири кулли ФЖА. Ӯ аз журналистон хост, ки “ба бозиҳои онҳо бозӣ накунанд ва ба манфиати ҷомеа амал бикунанд”. САҲА ҳам гуфт, ки вазъ бо Ковид-19 “ҳамраъйиву ҳамкории тамоми ҷомеа ва ҳам мақомот дар минтақаро тақозо мекунад”.

Мақомот дар минтақаи аққалиятҳои сербнишини Косово ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус тадбирҳои монанд ба Сербистонро ҷорӣ карданд. Мақомоти Косово гуфтанд, ки дар ин кишвар 145 ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус, аз ҷумла се ҳодисаи марг ба қайд гирифта шудааст. Вале ин омор 26 ҳодисаи олудагӣ, аз ҷумла як ҳодисаи марг ба вирусрро дар минтақаи шимолии аксаран сербнишин ба эътибор нагирифтааст. Мақомот дар ин минтақа ба сохторҳои беҳдоштии Сербистон гузориш медиҳанд. Косово, ки собиқ вилояти Сербистон мебошад, соли 2008 истиқлолияти худро эълон кард, вале Белград инро ба расмият намешиносад.

Баъди ҷустуҷӯҳои сартосарӣ дар Покистон 20 ҳазор намозгузор ба карантин гирифта шуд

Аъзои Таблиғи Ҷамоат маросими динии серӯзаро тарк мекунанд. 13 март соли 2020

Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки 20 ҳазор намозгузор ба карантин гирифта шудаанд ва ҷустуҷӯи ҳазорҳо нафари дигар идома дорад, ки бо вуҷуди пандемияи коронавирус моҳи март дар як маросими динии Лоҳур иштирок карданд. Беш аз 100 ҳазор нафар даъвати мақомот барои бекор шудани мулоқот бо аъзои Таблиғи Ҷамоат – як ҷумбиши диниро нодида гирифта, дар ин маросим иштирок карданд. Мақомот гуфтанд, ки мехоҳанд тамоми ширкатдорони ин маросими рӯзҳои 10 то 12 март баргузоршударо аз санҷиши тиббӣ гузаронида ва ё карантин бикунанд. Лоҳур маркази маъмурии вилояти Панҷоб аст, ки 11 миллион аҳолӣ дорад. Дар ин вилоят танҳо 7 ҳазор нафар карантин шуда дар вилояти ҷанубии Синдҳ 8 ҳазор узви Таблиғ дар карантин ҳастанд. Дар вилояти шимолуғарби Хайбар Пахтунхва 5300 узви Таблиғи Ҷамоат, ки дар маросими динӣ иштирок карданд, бо каратин фаро гирифта шудаанд.

Умедвории Трамп ба беҳбуди вазъ дар ИМА ва ба беморхона интиқол шудани нахуствазири Бритониё

Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон рӯзи 27 март эълон кард, ки ба коронавирус олуда шудааст

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки дар муборизаи кишвар бо паҳншавии коронавирус нишонаҳои умед ба даст омадааст, дар ҳоле, ки хабарҳо аз Бритониё мегӯяд, нахуствазири ин кишвар Борис Ҷонсон эътироф кард, ки ба бемористон интиқол ёфтааст. Трамп бо ин ки гуфт, шумори фавтидаҳо дар паи олудашавӣ ба коронавирус дар ду ҳафтаи наздик ба нишондодҳои “ваҳшатнок” наздик хоҳад шуд, илова кард, ки боз ҳам аломатҳои коҳиш дар ошкоршавии ҳодисаҳои нав вуҷуд дорад. Трамп гуфт, ки “дар поёни нақби торик рӯшанӣ” дида мешавад.

Дебора Биркс, духтур ва ҳамоҳангсози Кохи Сафед дар умури муқобила бо вирус гуфт, ки Итолиёву Испания ба баъзе пешравиҳо даст ёфтанд ва умедворӣ ин аст, ки дар ИМА ҳам дар фурсати ду ҳафтаи баъдӣ чунин тағйирот мушоҳида хоҳад шуд.

Чанд соат пеш аз изҳороти Трамп, ҳукумати Бритониё эълон кард, ки Ҷонсон, ки қаблан дар бораи олудашавиаш ба коронавирус хабар дода буд, ба беморхона интиқол дода шуд. Даунинг Стрит гуфт, ки чунин тасмим бо машварати духтури нахуствазир ҳамчун як “иқдоми эҳтиёткорона” гирифта шуд. Трамп гуфт, ки “Тамоми мардуми Амрико барои ӯ дуо мекунад”. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки базудӣ ҳама чиз хуб мешавад.

Трамп гуфт, агар Русияву Саудӣ ба созиш нарасанд, аз нафти онҳо боҷ меситонанд

Президенти ИМА Доналд Трамп дар нишасти хабарии рӯзи 5 апрел дар Кохи Сафед

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, агар Русияву Саъудӣ натавонанд дар масъалаи коҳиши ҳаҷми истеҳсоли нафт ба мувофиқа бирасанд, ӯ аз нафти воридотии ҳарду кишвар боҷ меситонад.

Трамп рӯзи 5-уми апрел дар ҷараёни як нишасти хабарӣ гуфт, “агар онҳо ба мувофиқа нарасанд, ман ин корро мекунам. Тарофаҳои хеле ҷиддӣ. Ман бешубҳа ин корро хоҳам кард” ва афзуд, ки ӯ дар андешаи ҳимояти саноати нафти Амрико мебошад.

Боҷ аз нафти воридотӣ бар зарари Саудӣ ва ҳам Русия аст, чун ин кишварҳо содиркунандаҳои азими нафт ба ИМА маҳсуб меёбанд. Дар пасманзари пандемияи коронавирус тақозо ба нафт дар саросари ҷаҳон дар ҳаҷми то 20 миллион бушка дар рӯз ваё 20 дарсад кам шуд ва арзиши нафтро дар бист соли охир ба поинтарин сатҳ овард. Таҳлилгарон мегӯянд, коҳиши якбораи нарх хатари варшикаста кардани истеҳсолкунандаҳои азими нафт дар ИМА-ро дорад.

Баъди он ки ҳафтаи гузашта Трамп гуфт, Маскаву Риёзро ба созиш овардааст ва Риёз рӯзи 6-уми нишасти изтирории “ОПЕК плюс”-ро даъват кард, ин ду ҷониб вориди баҳс шуда ҳамдигарро дар шурӯи ҷанги нарх гунаҳгор карданд, санаи баргузории ҷаласаи изтирории ОПЕК ба 9-уми апрел кӯчид.

Омодагиҳои бештар дар Узбекистон барои муқобила бо КОВИД-19

Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Аз беморони Маркази илмиву таҷрибавии шикастабандии шаҳри Самарқанд хостанд, ки бинои муассисаро холӣ кунанд.

Кормандони раёсати тандурустии вилояти Самарқанд гуфтанд, дар ҳоли ҳозир "муассисаи мазкур бо тамоми таҷҳизоти барои табобати гирифторони коронавирус зарурӣ таъмин шудааст".

Як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки бемористони уфунатии Самарқандро барои табобати "гирифторони коронавирус омода кардаанд". Дар вилоятҳои дигари Узбекистон ҳам марказҳои қабули гирифторони коронавирус таъсис шудааст.

"Табибон ба бадтар шудани вазъият омода мешаванд. Дар сурати афзоиши шумораи гирифторон бештар аз 200 муассисаи тиббии хусусӣ дар вилояти омодаанд, ки беморонро қабул кунанд. Ба ҷуз ин, биноҳои мактабҳо ва коллеҷҳо ҳам барои табобати гирифторони коронавирус истифода мешаванд",-гуфт Бахтиёр Қурбонов, як табиби ботаҷриба аз вилояти Андиҷони Узбекистон.

Мансабдори дигар аз ҳукумати Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати кишвараш ба бадтаршавии вазъ омодагӣ мебинад. Вай гуфт, мақомот дастур додаанд, ки дар ҳар вилоят беморхонаҳои эҳтиётӣ таъсис ва 200 ҳазор кат барои гирифторони вирус омода карда шавад.

Бонки миллии Қирғизистон барои коҳиши оқибатҳои коронавирус ба бонкҳо қарз медиҳад

Бонки миллии Қирғизистон тасмим гирифт, ба хотири коҳиши оқибатҳои коронавирус ба бонкҳои тиҷории ин кишвар қарз диҳад. Фоизи солонаи қарзҳои ин ниҳод дар ҳоли ҳозир 5 дарсадро ташкил медиҳад.

Қарзҳо танҳо бо пули миллӣ дода шуда, бояд барои риояи талаботи захиравӣ, иҷрои меъёрҳои иқтисодӣ ва дигари Бонки миллӣ, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо дар назди амонатгузорон истифода шаванд.

Бонкҳо ҳақ надоранд, қарзҳоро барои амалиёт дар бозори асъор, коғазҳои қиматнок, хариди коғазҳои қиматноки давлатӣ истифода баранд. Муҳлати дарёфти қарзҳо то 30 июни имсол гуфта шудааст.

Дар ҳоли ҳозир шумораи гирифторони коронавирус дар Қирғизистон ба 147 нафар расида, 9 кас шифо ёфтааст.

Узбекистон истеҳсоли дастгоҳҳои нафаси сунъиро оғоз мекунад

Яке аз бемористонҳо дар Тошканд.

Узбекистон дар ҳамкорӣ бо як ширкати Словакия - "Chirana" истеҳсоли дастгоҳҳои нафаси сунъиро оғоз мекунад.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Бобохонов, як масъули Вазорати рушди навоварии Узбекистон истеҳсоли дастгоҳҳо моҳи майи соли равон оғоз мешавад. Сохтмони пурраи корхона қарор аст, то моҳи сентябри соли равон ба поён бирасад.

Шарикони хориҷӣ тасмим доранд, дар марҳалаи аввал ба корхона 3 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ва 30 ҷои корӣ ташкил кунанд. Дар марҳалаи дувум сармоягузории 5-6 млн доллар ва таъсиси 100 ҷои корӣ дар назар аст.

"Чунин дастгоҳҳо феълан дар 12 кишвар истеҳсол мешаванд. Дастгоҳҳои навъи "CHIRANA" ба гуруҳи шашгонаи машҳури ҷаҳон шомиланд. Бунёди чунин корхона дар Узбекистон амнияти тиббиро таъмин месозад", - гуфт мудири кулли ширкати "CHIRANA+" Василий Шимко.

Дар ҳоли ҳозир шумори мубталоёни коронавирус дар Узбекистон ба 342 нафар расидааст.

Даргузашти Сардор Раҳдор, шоир ва рӯзноманигори тоҷик

Сардор Раҳдор, шоир ва рӯзноманигори тоҷик.

Сардор Раҳдор, шоир ва рӯзноманигори тоҷик шаби гузашта дар сини 66-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт. Наздикони ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ чанд рӯзи ахир дар бахши эҳёгарии бемористони Қаряи Болои Душанбе бистарӣ буд. Ҷасади ӯро субҳи имрӯз, душанбеи 6-уми апрел барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон интиқол доданд.

Сардор Раҳдор хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд ва муддате дар Афғонистон ба ҳайси афсари низомӣ хизмат кард. Ӯ муддати беш аз 15 сол ба ҳайси корманди бахши маърифатии Хазинаи Оқохона дар Хоруғ ва Душанбе фаъолият намуд. Барои чанд сол муҳаррири калони ҳафтавори "Нақлиёт"-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буд. Бо забонҳои помирӣ (шуғнонӣ-рӯшонӣ) ва тоҷикӣ шеър мегуфт. Аз ӯ чанд маҷмӯаи шеърӣ боқӣ мондааст.

Шумораи гирифторон ба COVID-19 дар Қазоқистон ба 584 тан расид

Чимкент, Қазоқистон.

Вазорати тандурустии Қазоқистон 5-уми апрел хабар дод, ки дар ин кишвар 15 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Ҳудуди 58 дарсади ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато (мутаносибан 219 ва 116 ҳолат) ошкор гаштааст.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қазоқистон, аз ин миён 36 кас шифо ёфта, шаш нафар ҷон бохтаанд.

"Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки марҳалаи асосии мубталошавӣ ба коронавирус ба моҳҳои апрел ва май рост меояд. Дар ин марҳила гирифтории 3 500 нафар ба вирусро пешбинӣ мекунем", - навиштааст вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов дар Фейсбук.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG