Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари сухангӯйи Путин дар Қазоқистон андозсупоранда аст?


Елизавета Пескова, духтари Дмитрий Песков, сухангӯйи президенти Русия
Елизавета Пескова, духтари Дмитрий Песков, сухангӯйи президенти Русия

Нафаре, ки ному насаб ва соли таваллудаш бо Елизавета Пескова, духтари сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков монанд аст, дар Қазоқистон соҳиби рақами мушаххаси андозсупоранда шудааст.

Ин маълумотро тарҳи таҳқиқотии "Система" аз феҳристи онлайнии Маркази миллии сертификатсияи Қазоқистон ва пойгоҳҳои дигар дастрас кард.

Зоҳиран Пескова рақами мушаххасро пеш аз моҳи сентябри соли 2022 гирифтааст. Зеро рақам аз сӯи Идораи даромадҳои давлатии шаҳри Нурсултон (Остона) дода шудааст. Номи пойтахти Қазоқистон аз моҳи марти соли 2019 то моҳи сентябри соли 2022 Нурсултон буд.

Рақами мушаххаси андозсупоранда барои дарёфти хидматрасониҳои давлатӣ ва бонкӣ муҳим мебошад.

Дарёфти ин рақам дар Қазоқистон аз сӯи русиягиҳо баъди ҳамлаи Русия ба Украина афзоиш ёфтааст. Шаҳрвандони Русия барои давр задани маҳдудиятҳои "Visa" ва "Mastercard" дар бонкҳои Қазоқистон ҳисоб мекушоянд.

XS
SM
MD
LG