Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи Кӯлоб боғи ҷашнӣ сохт ва 5 миллион сомонӣ қарздор шуд. ВИДЕО


Боғи ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб

Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб, ки соли гузашта бо сохтмони боғе дар пешвози раиси ҷумҳури Тоҷикистон саҳм гирифт, 5 миллион сомонӣ (муодили ним миллион доллар) қарздор шудааст.

Боғи ба номи Сайдалӣ Вализодаро дар масоҳати беш аз 3 гектар ширкати "Фаридун" сохт ва онро моҳи сентябри соли гузашта ҳангоми сафари президент Раҳмон ба Кӯлоб ба истифода доданд.

Абдусалом Мирализода, раиси Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб, чанд рӯз пеш ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт: "Баъзе аз соҳибкорони бечора гиря мекунанд, ки ба Шумо боғ сохтем, пули моро диҳед. Хайр, ман чӣ гӯям? Мегӯям, Шумо аввал фикр накардед, ки донишгоҳ аст ва пулро аз куҷо меорад?"

Боғро соли гузашта ҳангоми сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кушоданд
Боғро соли гузашта ҳангоми сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кушоданд

Нигаронии дигари маъмурияти донишгоҳ аз он аст, ки ҳанӯз масъалаи қарзро ҳал накарда, "баъзе ҷойи боғ таъмирталаб шудааст". Ба гуфтаи онҳо, баъзе аз сохтмонҳои дохили боғ вайрон шудаанд.

Як устоди Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб бо шарти фош нашудани номаш гуфт, шояд як сабабаш ин аст, ки бахше аз боғро муаллимон дуруст кардаанд ва аз азбаски ҳирфаӣ набуданд, эҳтимол кӯтаҳӣ сар задааст.

Соле пеш дар ҳамин шабу рӯз Радиои Озодӣ гузориш дод, ки гурӯҳе аз устодони Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб белу каланд дар даст ба ҷойи истироҳат иҷборан ба кор дар сохтмони боғ ҷалб шудаанд. Аммо хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта дар иттилоияи расмӣ навишт, "корҳои сохтмону барқарорсозии боғи мазкур дар давоми чор моҳ бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Донишгоҳи Кӯлоб хобгоҳ мехост, соҳиби боғ ва қарзи он шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Ҳангоми таҷлил аз ҷашнҳои муҳим дар Тоҷикистон сохтмони боғҳои фарҳангӣ ва биноҳои истиқоматӣ ё корхонаҳо авҷ мегирад. Аксари ин биноҳоро ё идораҳои давлатӣ ва ё соҳибкорон месозанд.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, идораҳои давлатӣ барои камхарҷ шудани сохтмонҳо бештар аз нерӯи кормандони худ истифода мекунанд.

Боғи ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб
Боғи ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб

Соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб, дар маҷмуъ, панҷ боғи фарҳангиву фароғатӣ сохта буданд, ки масъулияти сохтмонашро Корхонаи алюминиюми тоҷик, Вазоратҳои молия ва маориф, Кумитаи андоз, идораи Роҳи оҳан ва Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба уҳда доштанд. Корхонаи алюминиюми тоҷик бо харҷи чаҳор миллион доллар "Гӯшаи Париж"-ро бунёд кард, ки бо вокунишҳои гуногун рӯбарӯ шуд.

Абдусалом Мирализода, раиси Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб мегӯяд, азбаски боғи ба номи Сайдалӣ Вализода дар ихтиёри онҳост, худро масъул мешуморанд, ки бахшҳои вайроншудаи онро таъмир кунанд, вале нагуфт, барои ин кор аз куҷо пул хоҳанд ёфт.

Дар айни замон таъкид кард, агар ба ҷойи ин боғ хобгоҳ месохтанд, ҳадди ақал мушкили беҷой мондани донишҷӯён ҳал мешуд. Донишгоҳ ҳоло як хобгоҳ дорад, ки барои чаҳорсад нафар пешбинӣ шудааст, вале бахши дигар дар манзилҳои иҷора ва ё хонаи наздикон зиндагӣ мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG