Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷамъоварии маблағ ихтиёрӣ аст". Вокуниши ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба маводи Радиои Озодӣ


Як рӯз аз чопи матлаби Радиои Озодӣ нагузашта, мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ ба он вокуниш карданд. Матлаб бар пояи шикваи сокинони ноҳия ва нусхаҳои дастури раиси он дар бораи гузарондани музди якрӯзаашон ба хазинаҳои махсус бахшида шудааст. Посухи мақомотро бе ягон таҳрир ин ҷо ба нашр мерасонем.

Вокуниш ба маводи танқидии "Маоши якрӯзаи кормандони буҷавӣ дар Рӯдакӣ - барои иншооти ҷашнӣ", ки аз ҷониби хабарнигори Радиои Озодӣ Муъмин Аҳмадӣ, 3 сентябри соли 2019, тариқи шабакаи интернетӣ пахш гардидааст.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма" ношир уҳдадор аст, ки раддияро дар ҳамон ҳаҷм ва вақте, ки мавод чоп гардидааст, ҷой диҳад.

Бо дастгирӣ аз муқаррароти қонунгузорӣ вокунишро ба маводи чопнамудаи Радиои Озодӣ, барои чоп ирсол менамоем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ маводи танқидии "Маоши якрӯзаи кормандони буҷавӣ дар Рӯдакӣ - барои иншоотҳои ҷашнӣ"-ро, ки аз ҷониби хабарнигори Радиои Озодӣ Муъмин Аҳмадӣ 3 сентябри соли 2019, тариқи шабакаи интернетӣ пахш гардидааст, мавриди муҳокима қарор дод.

Вобаста ба ин, иттилоъ медиҳем, ки дар ҷаласаи кумитаи тадорукотии омодасозии ноҳия ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 августи соли ҷорӣ, бо иштироки масъулини соҳаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аъзои гуруҳҳои кории омодасозии минтақа ва иншоотҳои ҷашнӣ, баргузор гардид, Раиси ноҳия аз ҷумла ҷараёни дар арафаи ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидан ва ба истифода дода шудани иншоотҳои ҷашниро таҳлил намуда, вобаста ба он вазифагузориҳо намуд.

Сардори раёсати маорифи ноҳия дар ҷараёни баромадаш аз ободкорӣ ва бунёдкориҳо дар ноҳия, хусусан дар мавриди он, ки аз 414 иншооти ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба нақша гирифта шуда, шумораи зиёд ё, ин ки 76 адади он ба самти маориф равона гардидааст, қаноатмандӣ намуда. Изҳор дошт, ки маорифчиёни ноҳия ҷавобан ба ин ғамхориҳо нисбати соҳа, яъне сохта шудани шумораи муайяни бино ва синфхонаҳои таълимӣ, омодаанд, ки ба ин раванд, дар мисоли ба ҳисоби бунёдкориҳо гузаронидани мӯзди маоши якрӯзаашон, саҳмгузор гарданд.

Як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла сардухтури беморхонаи марказии ноҳия ва мудири бахши фарҳанг низ таклифи сардори раёсати маорифро ҷонибдорӣ намуданд.

Бо назардошти ин таклифу пешниҳодот ва изҳорӣ саҳмгузорӣ Раиси ноҳия ба дигар иштирокчиён ва аъзои кумитаи тадорукотии ҷашнгирии 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намуда, дар натиҷа иштирокчиёни ҷамъомад муроҷиати Раиси ноҳияро бо як овоз дастгирӣ намуданд.

Иловатан қайд менамоем, ки саҳмгузорӣ дар мисоли ба суратҳисоби махсуси ободонии ноҳия гузаронидани музди меҳнати якрӯза, сирф ихтиёрӣ буда, танҳо хоҳишмандон метавонанд, онро амалӣ созанд. Пардохти музди маоши якрӯзаи кормандон, хусусан кормандони муассисаҳои таълимӣ, бо розигӣ ва тибқи протоколҳои ташкилотҳои иттифоқи касабаашон, амалӣ гардонида шудааст.

Боиси қайд аст, ки соли ҷорӣ дар баробари вазифагузориҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иҷроиши нақшаи бунёдкориҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагӣ ва мутаносибан ҷашни 28-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа, дониста шуда, тибқи Нақшаи чорабиниҳои бунёдкорию ободонӣ, сохтмони иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ва корхонаҳои нав дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди 414 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, аз он 142 иншоот ба истифода дода шудааст.

Аз ҷумла, аз аввали соли 2019 то 1 сентябри соли ҷорӣ, аз 160 иншооти ба нақша гирифташуда 88 иншоот ба истифода дода шудааст.

Айни замон корҳои сохтмонии 5 иншооти калонҳаҷм, аз ҷумла бинои муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст, дар як баст, дар деҳаи Ҷӯйбодоми деҳоти Чортеппа, бинои нави муассисаи таълимии №85-и деҳаи Оли Сомони деҳоти Зайнабобод, барои 640 ҷойи нишаст дар ду баст, корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Оҳангудозии Тоҷикистон" ва гармхонаи Хоҷагии деҳқонии "Исматулло" дар деҳаи Кӯктоши деҳоти Чоргултеппа, ҳамчунин Маҷмааи гулгашти Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Сомониён, ки дар маводи хабарнигори Радиои Озодӣ Муъмин Аҳмадӣ 3 сентябри соли 2019, тариқи шабакаи интернетӣ пахш гардидааст, пурра анҷом ёфта, корҳои ободонии атроф ва ороишӣ дар онҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба итмом расонида мешавад.

Қайд менамоем, ки бунёди иншоотҳои номбаршуда, аз ҷониби Дирексияи сохтмонҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети ноҳия, соҳибкорони алоҳида ва шарикони хориҷӣ сармоягузорӣ гардида, ниёз ба саҳмгузориҳои иловагии молӣ надоранд.

Маблағҳо аз ҳисоби ихтиёран пардохт намудаи маоши якрӯза, ба дастомада, барои корҳои ободонии атроф, кабудизоркунӣ, шинонидани гул ва алафҳои ороишӣ (газон), мумфаршкунии роҳҳои мавҷуда ва рангу бори деворҳои иншоотҳои наздик равона карда мешавад.

Бо эҳтиром,

муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Ашурзода Р.Р.

Радиои Озодӣ: Сипосгузорем, ки ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба матлаби мо зуд вокуниш нишон дод. Андешаи меҳварии посухи расмӣ "ихтиёрӣ" будани пардохтҳоест, ки чандин сокини ноҳия аз маҷбурӣ будани онҳо шикоят карданд. Дар нусхаи номаҳои расмие, ки мо нашр намудем, ихтиёрӣ будани ин амал зикр нашудааст. Дар нома аз 27 августи соли равон бо имзои раиси ноҳия Рустам Акрамзода ин амал "супориш" унвон гирифта, дар номаи дигар аз моҳи май "боварии комил"-и раис аз саховатпешагии "кулли мардум" ва "ташкилоту муассисаҳо (новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравияшон) оҳанги дастурро дорад. Ба хотири пурра рӯшан шудани қазия бисёр хуб мешуд, агар мақомоти давлатии ноҳия ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷоза медоданд, бо асноди ҷамъоварии маблағҳо аз наздик ошно шаванд ва иддаои шикояткунандагонро, ки мегӯянд, акнун музди якрӯзаашон барои чунин маъракаҳо бевосита аз маошашон боздошта мешавад, тасдиқ ё радди худро пайдо кунад. Мо омодаем. Нуктаи дигар забони нома аст, ки ба таҳрир ниёз дошт, вале мо сабку баёнро нигоҳ доштем ва як ҳарферо дар он тағйир надодем. Барои ин аз хонандагони муҳтарам узр мехоҳем.

XS
SM
MD
LG