Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҳарфи гуфтанӣ дорам, президентро интизорам"


Шамсия Камолова, зани 53-сола ва маъюби гурӯҳи якум, яке аз онҳоест, ки бесаброна сафари президентро ба ноҳияи Ёвон интизор аст.

Дар бораи андоз суҳбат кардан мехостам, дар бораи гарон будани дору барои кишоварзӣ... Вале ман бовар надорам, ки рӯзе бо президент суҳбат мекунам. Ин чиз номумкин ас

Як моҳ пеш дар маркази ноҳия омодагиҳо ба истиқболи раиси ҷумҳур шурӯъ шуд. Биноҳоро рангубор ва кӯчаҳоро тоза кардаанд. Шамсия Камолова, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳияи Ёвон, мехоҳад яке аз он нафароне бошад, ки ҳарфи дили худро ба раҳбари кишвар бигӯяд. Мушкили ӯ ҳал нашудани ариза барои гирифтани қитъаи замин аст.

Мегӯяд, бовар дорад, "президент алами дили ӯро хоҳад шунид ва ҳатман кумак хоҳад кард". Талоши ӯ барои наздик шудан ба президент дар сафарҳои қаблӣ ва ҳам суҳбат кардан ҳеҷ гоҳ амалӣ нашуд. Камолова мегӯяд, ӯро ба назди президент роҳ намедиҳанд.

"Шунидем, ҷаноб меояд. Орзу мекунам, ки аламҳоямро гӯям, ҳамсуҳбат шавам, вале наздикшавӣ намемонанд. Алами дили ман зиёд аст. Масалан як хонаи танги якҳуҷраӣ дорам ва барои гирифтани замин аз соли 2011 боз ариза медиҳам. Дар хонаи танг 3 нафар зиндагӣ мекунем, мехоҳам писарам оиладор шавад, вале ҷой надорем", - гуфт ӯ рӯзи 5-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дастгоҳи ҳукумат ҳам ба мулоқот омода мешавад

Шамсия Камолова мегӯяд, пули нафақааш 400 сомонӣ аст. Ӯ орзу дорад, қитъаи замин гирифта, хонаи барҳавое бунёд кунад. Шамсия Камолова аз телевизион бисёр дидааст, ки сокинони оддӣ ҳангоми матраҳ кардани мушкилашон бо президент ҳатман ба мақсад мерасанд: яке соҳиби хона, дигаре соҳиби вазифа мешавад, ҳатто дар бархе ҳолат президент дар оиладоршавии кадрҳои ҷавон ҳам тақдирҷунбон шудааст.

Дар баробари ин зан дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ёвон ҳам ба сафари президент омода мешавад. Раҷабалӣ Раҷабов, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ёвон, рӯзи 5-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, президент рӯзи 6-уми сентябр ба ноҳия меояд. Барномаи кории ӯ аз ифтитоҳи ду муассисаи таълимӣ – коллеҷи фарматсевтӣ ё дорусозӣ ва мактаби миёна барои беш аз 500 шогирд иборат аст.

Соли 2016, Ёвон
Соли 2016, Ёвон

Бахши сеюми барномаи сафар аз мулоқоту сӯҳбат бо сокинони маҳаллӣ иборат аст. Вале ба ин мулоқот, ки эҳтимол дар боғ баргузор мешавад, бештар фаъолони ҷамъиятӣ даъват шудаанд. Киҳо ба мулоқот роҳ меёбанд? Аммо одатан ба суҳбатҳое, ки бо ширкати раиси ҷумҳур, раисони вилоятҳо ва ё раиси ноҳия баргузор мешавад, роҳ ёфтани сокинони оддие ба мисли Шамсия Камоловаи маъюб кори осон нест.

Шогирдони мактаб ҳам омода мешаванд

Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Ёвон ба суол дар бораи интихоби ширкатдорони мулоқоти президент посухи мушаххас надоданд. Як масъули маориф гуфт, барои мулоқот бо президент шогирдони мактабро омода кардаанд, вале дар бораи иштироки омӯзгорон хабаре нест.

Аз ҷумла, Исломиддин Насров, мудири маорифи ноҳияи Ёвон гуфт, феҳристи нафароне, ки киҳо ба суҳбати президент роҳ меёбанд, дар ихтиёри онҳо набудааст: "Муаллимон ширкат намекунанд, танҳо хонандагонро тайёр кардаем. Вале киҳо суҳбат мекунанд, намедонем. Ҳамаашонро қаблан интихоб кардаанд".

Чанд соли пеш дар ноҳияи Ёвон Мадина Маҳмудова, як омӯзгори ниёзманд ба замин, ки дар хонаи серфарзанд зиндагӣ мекард, дар назди Давлатшо Гулаҳмадзода ошкоргӯӣ намуд ва соҳиби замин шуд, вале мисли ӯ омӯзгорону сокинони дигари хушшонс кам ҳастанд.

Соли 2016, Ёвон, мулоқоти президент бо сокинони ноҳия
Соли 2016, Ёвон, мулоқоти президент бо сокинони ноҳия

Аскар, як омӯзгори дигар гуфт, агар дар ҷаласае, ки президент ширкат мекунад, даъват шавад, мехоҳад бо ӯ дар масъалаи ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа ва мушкили тарбияи насли наврас сӯҳбат кунад. Суҳроб Партобов, роҳбари хоҷагии деҳқонии "Сомонӣ" дар ноҳияи Ёвон аст, ки мегӯяд, дар соҳаи кишоварзӣ мушкили зиёд дорад ва агар имкон бошад, омода аст аз ин мушкилот дарди дил кунад. Вале ӯ бовар дорад, ки ӯро ба мулоқоти президент роҳ намедиҳанд.

Ӯ гуфт: "Дар бораи андоз суҳбат кардан мехостам, дар бораи гарон будани дору барои кишоварзӣ... Вале бовар надорам, ки рӯзе бо президент суҳбат мекунам. Ин чиз номумкин аст."

Кишоварз: Дар бораи баланд будани андоз мехоҳам бигӯям

Президент Раҳмон бори охир моҳи сентябри соли 2015 ба муносибати 25-солагии истиқлолияи Тоҷикистон ба ноҳияи Ёвон рафта буд. Дар ин сафар ҳам дар баробари ширкат дар расми ифтитоҳи чанд корхонаи саноатӣ, бо сокинони маҳаллӣ дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Сокинони Ёвон дар мулоқот бо президент. Соли 2016
Сокинони Ёвон дар мулоқот бо президент. Соли 2016

Вале бархе сокинон гуфтанд, ин навбат низ дар мулоқот онҳое иштирок карданд, ки барояшон аз қабл иҷозат шуда буд. Бархе мунаққидон мегӯянд, ба хотири роҳ надодани афроди шикояткунанда, ки метавонанд “президентро ранҷонанд” ё “нороҳат кунанд”, танҳо шахсони гулчин ва мавзӯи сӯҳбаташон санҷидашударо роҳ медиҳанд.

Дар натиҷа, бисёр суҳбатҳои президент бо мардум бо шеърхониҳои тавсифӣ, шукргузориҳои сокинон аз пешрафтҳои кишвар маҳдуд мешавад ва касе аз мушкилот ҳарфе намегӯяд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG