Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устодони донишгоҳро ба кори сохтмон маҷбур кардаанд, ройгон


Бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Гурӯҳе аз устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз он шикоят доранд, ки таътили тобистонаи онҳо сарфи сохтмони як боғи фарҳангӣ мешавад. Онҳо мегӯянд, имсол на фақат истироҳат накарданд, балки пули рухсатиро низ дастрас нанамуданд.

Роҳбарияти донишгоҳ иддао дорад, ки пас аз анҷоми сохтмони боғ пули рухсатии омӯзгоронро хоҳад дод. Ин боғро ба ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон омода мекунанд.

Як устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзи 2-юми август бе зикри номаш гуфт, ду ҳафта боз дар сохтмони боғи фарҳангӣ кор мекунанд. Ба қавли мусоҳиби мо, онҳо ҳушдор гирифтаанд, ки дар бораи мушкили худ ба хабарнигорон лаб накушоянд, “вагарна, бе ҷойи кор мемонанд”.

“Мо тӯли як сол дарс гуфтем ва хаста шудаем. Омӯзгор оҳан нест. Вале роҳбарияти донишгоҳ парвои инро надорад. Ҳама ба сохтмони боғ сафарбар шудаанд”, -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар идораи молияи минтақаи Кӯлоб ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо пули рухсатии омӯзгорони донишгоҳро гузаронда буданд, “вале бо дархости роҳбарияти донишгоҳ як бахши ин пулҳоро бозпас гирифтанд”.

Ҳабибулло Раҳимов, сардори раёсати молияи минтақаи Кӯлоб гуфт, раиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз онҳо хостааст, “пули рухсатии дарсади омӯзгоронро бозпас гиранд”.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар як нишасти хабарӣ дар рухсат набудани омӯзгоронро тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, “омӯзгорон барои таҷлил аз 30-солагии ҷашни Истиқлол саҳми худро мегузоранд”.

Абдулло Ҳабибулло, раиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб гуфт, ҳоло 256 омӯзгор пули рухсатии худро гирифтааст ва боқимонда низ пулашонро хоҳанд гирифт. “Ректор ҳам бел дар даст ҳар рӯз ба боғ меояд. Бояд ҳар нафар дар сохтмони боғ саҳм гузорад. Вақте мехоҳанд, шаҳр обод бошад, бояд дар онҷо меҳнат кунанд. Пул проблема нест. Мо метавонем ҳаммин рӯз пули рухсатии онҳоро диҳем. Вале чаро омӯзгор иштирок накунад? Чаро ин суолро намедиҳед?”

Вале ҳуқуқшиносон мегӯянд, омӯзгор вазифадор нест, ки маҷбурӣ ва бе пули рухсатӣ дар сохтмони боғ кор кунад. Ба қавли ҳуқуқшиносон, “ин поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандии омӯзгорон аст”.

Ин шабу рӯз дар шаҳри Кӯлоб бунёди панҷ боғ ҷараён дорад, ки масъулияти сохтмонашро корхонаи алюминиюм, Вазоратҳои молия ва маориф, Кумитаи андоз, идораи Роҳи оҳан ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба уҳда доранд.

Ҳангоми таҷлил аз ҷашнҳои муҳим дар Тоҷикистон сохтмони боғҳои фарҳангӣ ва биноҳои истиқоматӣ ё корхонаҳо авҷ мегирад. Аксари ин биноҳоро ё идораҳои давлатӣ ва ё соҳибкорон месозанд. Коршинсон мегӯянд, идораҳои давлатӣ барои камхарҷ шудани онҳо бештар аз нерӯи кормандони худ истифода мекунанд. Чизе, ки ба гуфтаашон, нақзи ҳуқуқи коргарон аст.

XS
SM
MD
LG