Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактабе, ки ба хотири ҷашн сохтанд, се сол тоб наовард. ВИДЕО


Бинои вайронаи мактаби рақами 41 дар Кӯлоб, ки соли 2007 бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ сохта шудааст

Бинои як мактаб дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, ки дувоздаҳ сол пеш бо харҷи ним миллион сомонӣ кумаки билоивази Бонки Ҷаҳонӣ сохта шуд, ба вайрона табдил ёфтааст. Мактаби рақами 41-ро дар рӯзҳои таҷлил аз 2700-солагии Кӯлоб чун иморати ҷашнӣ ба истифода дода буданд.

Баъзе аз омӯзгорон гуфтанд, баъди ҳамагӣ се соли ба кор пардохтани мактаб, деворҳои он кафида, фурӯ рафтанд. Ба хотири садамавӣ буданаш дигар хонандагон дар онҷо таҳсил накарданд.

Латифамоҳ Назарова, омӯзгори мактаби рақами 41 дар Кӯлоб, рӯзи 24-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "як муддат дар хонаҳо дарс мехондем. Аз ҷумла, дар хонаи муаллимон. Ё баъзан рафта дар хонаи муҳассилон дарс медодем."

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Мактабе, ки бо пули Бонки Ҷаҳонӣ сохтанд, вайрона шуд. Чаро?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:59 0:00

Мақомоти шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз вазъи мактаб огоҳанд. Чанд сол пеш ба кумаки як соҳибкори маҳаллӣ дар ин мавзеъ мактаби ибтидоии дигар сохтаанд.

Ташвиши мардум аз чизи дигар аст. Ҳоло ин бинои вайрона ҷойи бозии кӯдакони онҳост, ки посбон надорад. Онҳо метарсанд, ки мабодо бому девори он ба сари кӯдакон фурӯ наравад.

Абдураҳмон Алиев, сокини маҳаллаи Сайдалӣ Вализода, мегӯяд, "хавф рӯз аз рӯз бештар мешавад. Вале на касе онро таъмир мекунад, на пурра вайрон. Ҳайфи пуле, ки дар сохтмони ин мактаб харҷ кардаанд."

Латифамоҳ Назарова мегӯяд, хост, бо маблағи худаш ин биноро вайрон карда, дар ҷояш боғчаи кӯдакон созад. Ба ин мазмун ба унвонии мақомоти шаҳр низ мактуб фиристодааст, аммо солҳост ҷавобашро намегирад.

Кенҷамоҳ Маҷидова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар ҷойи бинои вайронаи мактаб боғча месозанд.

Дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб 500 оила зиндагӣ мекунад. Кӯдакони онҳо дар инҷо фақат маълумоти нопурра мегиранд ва барои идомаи таҳсил мебояд ба мактабҳои дигари шаҳри раванд. Роҳ дур аст ва мардум мехоҳанд, дар ҷойи ин бино чанд синфхона сохта, мактаби онҳоро 11-сола кунанд.

Паси ин талабу нияти мардум ва мақомот фақат чанд суолест, ки ҳанӯз ҷавоб надорад:

  • Касе ба чунин вазъ афтодани ин мактабро таҳқиқ кардааст?
  • Магар бино ба чунин тезӣ садамавӣ мешавад?
  • Касе ҳам сари бо чунин шева харҷ шудани пули будҷаву кумакҳои билоиваз меандешад?

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG