Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти ҳамлаи Кобулро ба ӯҳда гирифт


Шуморе аз қурбониёни ҳамлаи Кобул.
Шуморе аз қурбониёни ҳамлаи Кобул.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамлаи маргбори рӯзи душанбе дар Кобулро пазируфт.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", гурӯҳи ДОИШ рӯзи 3-юми сентябр дар паёме дар "Телеграм" гуфт, ки як узви ин гурӯҳ ҳамлаи интиҳориро анҷом дод. Ба асари ин ҳамла беш аз 45 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Пеш аз ин, Холид Задрон, сухангӯи пулиси Толибон дар Кобул дар шабакаи Х навишта шуд, ки дар ин ҳамла шаш тан, аз ҷумла як зан кушта ва сездаҳ тани дигар захмӣ шуданд.

Ин ҳамла баъд аз зуҳри рӯзи 2-юми сентябр дар назди бинои Додситонии кулли Афғонистон дар шаҳри Кобул сурат гирифт.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки Толибон ахиран гуфтанд, ки ДОИШ-ро саркӯб кардаанд ва ин гурӯҳ дар Афғонистон ҳузур надорад.

Аз замони бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон беш аз се сол мегузарад ва дар ин муддат ДОИШ масъулияти чандин ҳамларо дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар пазируфтааст.

XS
SM
MD
LG