Абдулматин Қонӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон рӯзи 12 сентябр ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, ки "мардони мусаллаҳи ношинос" бо тирандозӣ ба тарафи мардум, "ғайринизомиён"-ро куштаанд.
Ин хабаргузорӣ ба нақл аз мақомҳои маҳаллӣ шумори қурбониёнро 14 нафар ва захмиёнро панҷ тан гузориш додааст.
Гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.
Ба гузориши "Рейтерз", гурӯҳи "ДОИШ-и Хуросон" дар баёнияе иддао кардааст, ки афродаш дар ҷараёни ин ҳамла дар маркази Афғонистон "понздаҳ шиа"-ро куштанд ва шаш нафарро ҳам захмӣ карданд.
Яке аз сокинони минтақа ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ин ҳамла алайҳи афроде сурат гирифт, ки барои истиқбол аз зоирони Карбало ба тарафи Фирузкуҳ (маркази вилояти Ғур), мерафтанд.
Ба гузориши "Рейтерз", ин нахустин ҳамла ба ғайринизомиён дар Дойкундӣ аз замони дубора ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон аст.