Дмитро Кулеба, вазири умури хориҷии Украина, яке дигар аз вазирон дар ҳукумати Владимир Зеленский шуд, ки аризаи истеъфояшро ба ӯ пешниҳод кардааст.
Сухангӯйи вазорат рӯзи 4-уми сентябр гуфт, масъалаи қабул ё рад шудани истеъфои вазирро вакилони порлумон ё “Верховна Рада” баррасӣ мекунанд.
Пештар аз ин ду муовини нахуствазири Украина ҳам аризаҳои хоҳиши тарки ҳукуматро пешниҳод карданд.
Дмитро Кулеба, дипломати 43-солаи украинӣ, аз моҳи марти соли 2020 вазир буд ва вазири ҷавонтарин дар таърихи Вазорати умури хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Тағйири таркиби ҳукумат, ки Зеленский эълон кард, бо гузашти дувуним сол аз оғози таҷовузи Русия ба Украина сурат мегирад.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, овардани вазирону мансабдорони дигари баландпоя барои тақвияти ҳукумат ва бароварда кардани ниёзҳое аст, ки Украина дорад.
“Тирамоҳ барои Украина бисёр муҳим хоҳад буд. Ниҳодҳои давлатии мо бояд ба гунае созмондиҳӣ шаванд, ки имкон бидиҳад, Украина ва ҳамаи мо ба тамоми натиҷаҳое, ки эҳтиёҷ дорем, даст ёбем. Барои ҳамин бояд баъзе аз бахшҳои муайяни ҳукуматро таҳким бахшем ва қарорҳои хусусӣ омода шудаанд. Дар дафтари раёсати ҷумҳур ҳам тағйирот мешавад,” – афзуд ӯ.
Вазирони саноат, адлия ва муҳити зисти Украина ҳам аз мақомҳояшон истеъфо додаанд. Ба қавли Владимир Зеленский, тағйирот дар ҳукумат барои омодагии беҳтар ба тирамоҳ зарур аст ва барои ин бояд байни ҳукумати марказӣ ва мардуму минтақаҳо робитаи наздиктар вуҷуд дошта бошад.
Пеш аз эълонҳои нави истеъфои вазирон дар ҳукумати Украина дар як ҳамлаи Русия ба як донишгоҳи низомӣ дар шаҳри Полтава бештар аз 51 нафар, аз ҷумла сарбозони украинӣ кушта шуданд.