Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар финали қаҳрамонии ҷаҳон дар Лондон


Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар варзишгоҳи Олимпии Лондон ҷараён дорад, дар гурзандозӣ бо натиҷаи 75.54 метр мақоми шашумро касб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Сабқати интихобӣ оид ба гурзандозӣ шаби чоршанбеи 9-уми август бо ширкати 32 варзишгар дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Дилшод Назаров гурзро ба дурии 75 метру 54 сантиметр ҳаво дод, ки ин нишондод дар гурӯҳи “А” натиҷаи панҷум аст. Вай аз рӯи натиҷагирии ҳарду гурӯҳ дар байни 32 нафар шашум шуд.

Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа 25-уми майи соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст.

Дар сабқати интихобӣ Войтсех Новитски аз Лаҳистон бо натиҷаи 76.85 метр мақоми аввалро касб кард. Ҳамватани ӯ Павел Фаҷдек бо натиҷаи 76.82 метр дувум шуд. Бигот Қуентин (Фаронса) бо натиҷаи 76.11 метр дар зинаи севум қарор гирифт.

Ба ин тартиб, 12 нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон ба даври ниҳоӣ, ки шаби ҷумъаи 11-уми август баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Ба ҷуз Войтсех Новитски, Павел Фаҷдек, Бигот Қуентин ва Дилшод Назаров, боз ҳашт нафари дигар – Павел Бареиша (Беларус, 75.98 м), Бенсе Ҳалаж (Маҷористон, 75.56 м), Ник Миллер (Британияи Кабир, 75.52 м), Алексей Сокирский (варзишгари бетараф, 75.50 м), Сергей Марчиев (Молдова, 75.18 м), Валерий Пронкин (варзишгари бетараф, 75.09), Озкан Балтаси (Туркия, 74.69) ва Марко Лингуа (Италия, 74.41 м) – ба финал баромаданд.

Дар даври ниҳоӣ навбати Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Браилия, ки таҳти шумораи 1318 рақобат мекунад, ҳаштум аст.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар мусобиқаи пешини қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки соли 2015 дар Пекини Чин баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб карда, соҳиби медали нуқра гардидааст. Рақиби аслиаш Павел Фаҷдеки лаҳистонӣ бо натиҷаи 80.88метр ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буд.

Дилшод Назаров моҳи июли соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир шуд, бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа 25-уми майи соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст. Натиҷаи беҳтаринаш дар мавсими имсола 77.81 метр мебошад, ки ӯ бо ин нишондод дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех мақоми чаҳорумро касб кардааст.

Ба иттилои вебсайти Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF), дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон беш аз ду ҳазор варзишгари зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон барои 47 маҷмӯи медалҳо то рӯзи 13-уми август мубориза мебаранд.

Баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 15 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Кения бо касби 7 медал (3-1-3) дар мақоми дувум ва Африқои Ҷанубӣ бо касби 4 медал (2-0-2) дар мақоми севум қарор доранд.

Бояд гуфт, ки маблағи умумии ҷавоизи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Лондон 7 миллиону 344 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Барои рекорди ҷаҳонӣ дар ин мусобиқа варзишгарон 100 ҳазор долларӣ мегиранд.

Инчунин ба ҳашт варзишгари беҳтарин ҳам дар рақобатҳои инфиродӣ ва ҳам дар эстафетаҳо ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад. Сабқати инфиродӣ: медали тилло - 60 000 доллар, медали нуқра - 30 000 доллар, медали биринҷӣ - 20 000 доллар, ҷойи 4-ум - 15 000 доллар, ҷойи 5-ум - 10 000 доллар, ҷойи 6-ум - 6000 доллар, ҷойи 7-ум - 5000 доллар, ҷойи 8-ум - 4000 доллар. Эстафета (барои даста): медали тилло - 80 000 доллар, медали нуқра - 40 000 доллар, медали биринҷӣ - 20 000 доллар, ҷойи 4-ум - 16 000 доллар, ҷойи 5-ум - 12 000 доллар, ҷойи 6-ум - 8000 доллар, ҷойи 7-ум- 6000 доллар, ҷойи 8-ум - 4000 доллар.

XS
SM
MD
LG