Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони "Умед 88" то ду моҳи дигар дар ҳабс мемонанд


Раҷабалӣ Одинаев, раҳбари ширкати "Умед 88".
Раҷабалӣ Одинаев, раҳбари ширкати "Умед 88".

Бо қарори додгоҳ, роҳбарони ширкати "Умед 88" то моҳи феврали соли оянда дар ҳабс мемонанд. Қарори тамдиди ҳабси пешакии Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе содир шудааст. Аммо вакилони дифоъ мегӯянд, ба қарори додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои он шикоят хоҳанд бурд.

Хисрав Аюбӣ, вакили дифои Раҷабалӣ Одинаев рӯзи 18-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши қазияи ширкати “Умед 88” ва роҳбаронаш идома дорад. Ба қавли вакили дифоъ, санҷиши ширкат низ аз сӯи мақомоти тафтишотӣ дар ҳоли анҷом ёфтан аст.

Боздошти раҳбарони "Умед 88" баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 14-уми октябри имсол раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вазорати молияро танқид кард, ки ба ин ширкат 170 миллион сомонӣ қарз дода, ин маблағҳоро баргардонда натавонист.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба тафтишот мегӯяд, тафтиши қазияи ширкати “Умед 88” ба марҳилаи охир наздик шуда, дар моҳи январ ба додситонӣ ва баъдан ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Манбаъ гуфт, ҷараёни баргардонидани қарзи "Роғун" аз ҳисоби амволи ширкати "Умед 88" танҳо баъди қарори додгоҳ анҷом хоҳад шуд ва амволи ширкат феълан дар ҳабс мебошанд.

Фаъолияти ширкати “Умед 88” ҳам дар пайи боздошти роҳбаронаш пурра қатъ шуда. Наздикони Раҷабалӣ Одинаев, раиси боздоштшудаи ширкат гуфтанд, ки мақомот хариду фурӯши моликияти “Умед 88”-ро мамнӯъ карданд ва онҳо саъй доранд, пул ҷамъ оварда, қарзи давлатро баргардонанд.

Қазияи ширкати "Умед 88" ва боздошти раҳбаронаш бештар аз ду моҳ аст, ки идома дорад. Боздошти раҳбарони ширкати "Умед 88" яке аз се ширкати бузурги таъминкунандаи маводи сӯхт дар Тоҷикистон баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 14-уми октябри имсол раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияро танқид кард, ба "Умед 88" 170 миллион сомонӣ қарз дода, ин маблағҳоро баргардонда натавонист. Баъди ин, Раҷабалӣ Одинаевро дастгир кардаанд ва ӯ ба тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат муттаҳам дониста мешавад.

Қаблан Раҷабалӣ Одинаев дар як нома аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат ӯро раҳо кунанд. Одинаев ваъда дода буд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ қарзи нерӯгоҳи Роғунро, ки сабаби боздошти ӯ шуд, бармегардонад.

Чанде пеш модар ва зердастони Раҷабалӣ Одинаев низ бо ирсоли мактубҳои ҷудогона аз раиси ҷумҳур хостанд, ки дар озодии Одинаев мусоидат кунад. Наздикони раиси ширкати “Умед 88” дар мактуби худ ба раиси ҷумҳур гуфтаанд, дар сурати аз ҳабси пешакӣ озод шудани Раҷабалӣ Одинаев, онҳо бо гарав мондани амволи ширкат, аз коршарикони хориҷии худ метавонанд дар муддати кӯтоҳ 40 миллион доллар қарз дарёфт кунанд.

Ба иттилои масъулини ширкати “Умед 88”, бахши ташхиси нархгузории Вазорати адлияи Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин ширкатро беш аз 175 миллион сомонӣ нархгузорӣ кардааст. Бо берун шудани ширкати “Умед 88” аз бозори сӯхти Тоҷикистон, ҳоло дар бозор ду ширкати бузург -- “Газпром-Тоҷикистон” ва “Фароз” боқӣ монданд.

Ширкати “Умед 88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис дод. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекард ва беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ширкати “Умед-88” дар саросари Тоҷикистон фаъол буд.

XS
SM
MD
LG