Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи “Умед-88”-ро аз ҳама ҷо пок мекунанд


Дар пайи интиқоди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз Вазорати молияи Тоҷикистон дар робита бо ихтисоси 170 миллион сомонӣ ба ширкати нафтрасони “Умед-88”, ки натавонистааст ин маблағро баргардонад, шиору бренди ин ширкати маъруф аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе бардошта мешавад. Интиқоди президент рӯзи 14-уми октябр дар мулоқот бо соҳибкорони тоҷик садо дод.

Рӯзи 18-уми октябр дар аксари нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нишоне аз исми ширкат дида намешуд. “Умед 88” яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи маводи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон аст, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати хусусии “Фароз” дар ҳолати рақобат қарор дорад.

Президент Раҳмон охири ҳафтаи гузашта гуфт, ки ин ширкат аз “Амонатбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” қарздор шуда, баъдан барои пӯшондани ин қарз барояш Вазорати молия аз ҳисоби буҷет пул додааст. Феълан ин қазияро на Вазорати молия ва на масъулони ширкат шарҳ намедиҳанд. Масъулини ширкат дар Душанбе гуфтанд, ки посухи худро ба Радиои Озодӣ дар ин замина баъд аз машарат бо раҳбарияташон ироа мекунанд, ки дар хориҷа ба сар мебаранд.

Рӯзи 18-уми октябр хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд нуқтаи бузурги сӯзишворӣ дидан карданд, ки то рӯзи ҷумъаи 13-уми октябр зери бренди “Умед-88” фаъолият доштанд. Тоҷирони аксари ин нуқтаҳо гуфтанд, ки марбут ба ширкати “Умед-88” нестанд. Аксари онҳо мегуфтанд, “мо ширкати “Эҳтиром” ном дорем”. Бархеи мегуфтанд, “исми ҳуқуқии ширкати мо дигар аст ва мо зери бренди “Умед 88” газу бензин мефурӯхтем”.

Фосилагирии ҳамкорони собиқ аз ширкат дар ҳолест, ки то тобистони соли ҷорӣ зери номи “Умед 88” бозиҳои пуртарфдори футбол ва консерту барномаҳои ҳунарии ситораҳои сафи аввали саҳнаи попи тоҷик баргузор мешуд. Дар васфи ин ширкат овозхони маъруф Зафар Аюбӣ оҳанге иҷро кардааст, ки ҳамчунон вирди забони бисёриҳо мебошад.

Вале чӣ сабаб шуд, ки яке аз ширкатҳои умда бо собиқаи 21 соли кор дар бозори сӯзишворӣ мавриди интиқод қарор гирифт? Бархе аз таҳлилгарон ишораи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мояи аслии ин қазия унвон карданд. Иқтисоддон Зафар Абдуллоев гуфт, дар марҳилаи кунунӣ гуфтани ин ки ҷои ширкати собиқадорро дар бозор рақибон танг кардаанд, барвақт аст. Барои ин далел лозим аст ва “феълан чунин далели рӯшан дар даст нест", гуфт ӯ. Дар бозори нафти Тоҷикистон то имрӯз се бозигари аслӣ – ширкати русии “Газпромнефт”, “Фароз” ва ҳамин ширкати “Умед-88” фаъол ҳастанд.

Ширкати “Умед-88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис додааст. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекунад. Ҳамчунин, беш аз 70 нуқтаи фуруши маҳсулоти нафтиву газии ширкати “Умед-88” дар саросари Тоҷикистон фаъол аст.

“Умед-88” яке аз сертаблиғтарин ширкатҳои нафтрасони Тоҷикистон унвон мешавад. Нуқтаҳои фурӯши ин ширкат дар чанд соли пеш барои ҷалби муштариён дар рузҳои ҷумъа ва идҳои мусалмонӣ қиммати маҳсулоти бензин ва гази табииро нисбат ба рақибони дигараш то 20 дарсад поин мефурӯхт. Ҳамчунин, барномаҳои бузурги фарҳангиву варзишӣ ва бахусус ҳунармандони маъруфи кишварро сармоягузорӣ мекард. Барномаҳои зиёди хайриявӣ ва пуштибонӣ аз офатзадаҳоро рӯи даст дошт.

XS
SM
MD
LG