Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев – раиси ширкати нафтрасони “Умед-88”-ро, ки то як соли пеш аз таблиғоти густарда бархӯрдор буд, бо иттиҳоми сирқати пули буҷет боздошт кардааст. То ҳол намояндагони ширкат ин хабарро шарҳ надодаанд. Се рӯзи пеш низ намояндагони ширкат ба хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ карда, баръакс, гуфта буданд, ки раҳбариятшон дар хориҷа аст ва бояд бо онҳо маслиҳат кунанд.

  • “Умед-88” яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи маводи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон аст, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати “Фароз” дар ҳолати рақобат қарор дорад.
170 миллион сомонӣ пули буҷети давлатро соли севум-чаҳорум аст, ки барнамегардонад. На фоиз, на маблағи буҷети давлат. Буҷети давлат буҷети кӣ аст? Буҷети халқ. Андозсупоранда кӣ аст? Ин халқ аст, мардуми Тоҷикистон аст.

Як манбаи муътамад дар Оҷонси зиддифасод рӯзи 21-уми октябр гуфт, таҳқиқи қазияи Раҷабалӣ Одинаев шуруъ шуда, нисбат ба ӯ айбномаи расмӣ эълон нагардидааст. Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, феълан раиси ширкати “Умед-88” дар боздоштгоҳи Оҷонсии зиддифасод нигоҳдорӣ мешавад.

“Тафтиш дар кори Раҷабалӣ Одинаев ва ширкати таҳти идорааш – “Умед-88” пас аз шикояти Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи барнагардондани маблағҳои буҷет ҳудуди ду моҳ пеш оғоз шуда буд. Вале худи ӯро ҳафтаи гузашта боздошт карданд”, - афзуд манбаъ.

Ба қавли мусоҳиби мо, айбномаи расмӣ нисбат ба роҳбари ширкати “Умед-88” аввали ҳафтаи оянда эълон шуда, худи ӯ эҳтимол ба боздоштгоҳи муваққат интиқол ёбад. Қаблан масъулони ширкати “Умед-88” гуфта буданд, ки Раҷабалӣ Одинаев дар хориҷа қарор дорад.

Боздошти Раҷабалӣ Одинаев дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Оқои Раҳмон рӯзи 14-уми октябр дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони дохил ва хориҷи кишвар аз ширкати “Умед-88” интиқод кард, ки 170 миллион сомонӣ маблағи буҷетро барнагардондааст.

Ӯ гуфт, “Умед-88” 170 миллион сомонӣ пули буҷети давлатро соли севум-чаҳорум аст, ки барнамегардонад. На фоиз, на маблағи буҷети давлат. Буҷети давлат буҷети кӣ аст? Буҷети халқ. Андозсупоранда кӣ аст? Ин халқ аст, мардуми Тоҷикистон аст. Дар иртибот ба ин таъкид месозам, ки риояи талаботи қонунгузорӣ, эҳсоси масъулият дар назди ҷомеаву давлат ва нишон додани маърифати баланди ҳуқуқиву молиявӣ аз ҷониби соҳибкорон омили муҳими пешрафти кишвар маҳсуб меёбад.”

Дар Оҷонсии зиддифасод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳоло фаъолияти ширкати “Умед-88” низ зери тафтиш қарор дошта, онҳо талош доранд, роҳҳои баргардондани қарзи ин ширкат аз буҷетро пайдо намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон дар Душанбе

Дар чанд рӯзи ахир дар аксари нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нишоне аз исми ширкати “Умед-88” дида намешавад. Рӯзи 18-уми октябр хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд нуқтаи бузурги сӯзишворӣ дидан карданд, ки то рӯзи ҷумъаи 13-уми октябр зери бренди “Умед-88” фаъолият доштанд. Тоҷирони аксари ин нуқтаҳо гуфтанд, ки марбут ба ширкати “Умед-88” нестанд. Аксари онҳо мегуфтанд, “мо ширкати “Эҳтиром” ном дорем”. Бархеи мегуфтанд, “исми ҳуқуқии ширкати мо дигар аст ва мо зери бренди “Умед 88” газу бензин мефурӯхтем”.

Вале чӣ сабаб шуд, ки яке аз ширкатҳои умда бо собиқаи 21 соли кор дар бозори сӯзишворӣ мавриди интиқод қарор гирифт? Бархе аз таҳлилгарон ишораи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мояи аслии ин қазия унвон карданд. Иқтисоддон Зафар Абдуллоев гуфт, дар марҳилаи кунунӣ гуфтани инки ҷои ширкати собиқадорро дар бозор рақибон танг кардаанд, барвақт аст. Барои ин далел лозим аст ва “феълан чунин далели рӯшан дар даст нест”.

Номи "Умед-88"-ро аз аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бардоштаанд
Номи "Умед-88"-ро аз аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бардоштаанд

Ширкати “Умед-88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис додааст. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекунад. Ҳамчунин, беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ширкати “Умед-88” дар саросари Тоҷикистон фаъол аст.

“Умед-88” яке аз сертаблиғтарин ширкатҳои нафтрасони Тоҷикистон унвон мешавад. Ин ширкат барномаҳои бузурги фарҳангиву варзишӣ ва бахусус ҳунармандони маъруфи кишварро сармоягузорӣ мекард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG