Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исоев барои омодагӣ ба ғасби ҳукумат айбдор шуд


Қанотбек Исоев

Як вакили порлумони Қирғизистон бо иттиҳоми омодагӣ барои ғасби ҳукумат аз роҳи зӯр ва ташкили бесуботӣ дар ҷараёни интихоботи президентӣ боздошт шудааст.

Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар он аз соли 1991 беш аз ду раиси ҷумҳур фаъолият кардаанд.

Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтанд, ки Қанотбек Исоев (Канатбек Исаев), намояндаи ҷиноҳи Ҳизби “Қирғизистон” дар Жогорку Кенеш рӯзи 30-юми сентябр бар асоси парвандаи Додситонии кул дастгир гардид. Интихоботи президентӣ дар Қирғизистон моҳи октябр баргузор мешавад ва барои курсии раёсати ҷумҳурӣ сездаҳ нафар рақобат доранд.

Бино ба маводи парванда, Қанотбек Исоев яке аз тарафдорони фаъоли номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Омурбек Бабанов муаррифӣ шудааст. Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтанд, ки Исоев “барои ташкили ноамниҳо бо намояндагони гурӯҳҳои ҷиноӣ дар иртибот буд” ва шахсан ба онҳо маблағи калон додааст.

Омурбек Бабанов
Омурбек Бабанов

Ҳоло тафтиши қазия идома дорад. Қаблан Додситонии кулли Қирғизистон аз ифтитоҳи парванда алайҳи Қанотбек Исоев хабар дода, ӯро барои “сӯиқасди ҷиноят”, “шӯриш” ва “ғасби ҳукумат аз роҳи зӯр” муттаҳам карда буд.

Охири моҳи июл Ҳизби “Қирғизистон” номзадии Қанотбек Исоевро барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешниҳод кард. Аммо ин вакили порлумон барои сабтином дар Кумисюни марказии интихобот натавонист, 30 ҳазор имзои заруриро ҷамъ биоварад.

Баъдан дар миёнаҳои моҳи сентябр фраксияи “Қирғизистон” эълон кард, ки дар интихобот аз номзади Ҳизби сотсиал-демократ Сооронбой Ҷеенбеков, нахуствазири пешин, ҳимоят хоҳад кард. Вале Қанотбек Исоев пайваста дар маъракаҳои номзади дигар ба мақоми президентӣ, раҳбари фраксияи “Республика-Ота Ҷурт” Омурбек Бабанов ҳозир мешуд.

Номи Қанотбек Исоев дар ҳоле бо номи Омурбек Бабанов пайванд мегирад, ки моҳи сентябр мақомоти Қирғизистон аз мулоқоти дувумӣ бо раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарболев ҷиддан нигаронӣ карданд. Ҳарчанд мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки ин мулоқот маънои ҳимоят аз номзади хосеро дар интихоботи Қирғизистон надошт, Бишкек онро дахолат ба кори дохилӣ номид.

Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Мақомоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтанд, “Бишкек бозтоби густардаи мулоқоти ҷонибҳоро аз тарафи Қазоқистон ҳамчун кӯшиши таъсир гузоштан дар интихоботи президентӣ ва дахолат ба умури дохилии Қирғизистон арзёбӣ мекунад.” Вебсайти расмии президенти Қазоқистон рӯзи 19-уми сентябр хабар дода буд, ки раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев бо номзад ба мақоми президентии Қирғизистон ва раҳбари ҷиноҳи ҳизби “Республика - Ота-Ҷурт” Омурбек Бабанов мулоқот кард.

Интихоботи навбатии президентии Қирғизистон қарор аст, рӯзи 15-уми октябр баргузор шавад ва афроди қобили раъй дар ин кишвар ҷойгузини Алмосбек Отамбоевро интихоб хоҳанд кард. Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар он аз соли 1991 беш аз ду раиси ҷумҳур фаъолият кардаанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG