Пайвандҳои дастрасӣ

"Дасти рост"-и Отамбоев аз мақом истеъфо дод, то президент шавад. САДО


Сооронбой Ҷеенбеков, номзади ҳизби ҳокими Сотсиал-демократи Қирғизистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, баъди баргузории охирин ҷаласаи ҳукуматаш дар мақоми нахуствазири кишвар ба истеъфо рафт. Рӯзи 21-уми август Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон ба ӯ шаҳодатномаи номзади интихоботиро тақдим намуд.

Исҳоқов ба мӯҳлати як-ду моҳ интихоб намешавад. Ҳизби сотсиал-демократ мехоҳад, ки ҳайати ҳукуматро баъди интихобот ҳам ҳамингуна ҳифз кунад

Ҷеенбеков: "Бо шумо хайрухуш намекунам"

Нахуствазир Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷаласаи охирин кабинаи вазирони Қирғизистон рӯзи 21-уми август дар бораи дастовардҳо дар як соли охир гузориш дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин муддат то 6 дарсад афзоиш ёфта, худаш бештар бо мардум кор кард. "Мо тавонистем, ки як ҳукумати наздик ба мардум шавем. Инро ошкоро гуфта метавонем. Дастовардҳои ҳукумат – натиҷаи корест, ки мардум аз мо талаб мекард", - гуфт ӯ.

Ҷеенбеков аз ҳамкоронаш дар ҳайати ҳукумат ва журналистон ташаккур карда, гуфт, агар президент шавад, роҳи пешгирифтаи Алмосбек Отамбоевро идома хоҳад дод: ​"Худо хоҳад ва агар мардум ба мо эътимод кунад, ман президент мешавам ва дар самти рушду пешрафте, ки Алмосбек Шершенович Отамбоев интихоб кардааст, пеш хоҳем рафт. Насиб бошад, дастовардҳои ҳосилшударо ҳам нигоҳ хоҳам дошт. Худо хоҳад, таҷрибаву масъулиятеро, ки мардум ва давлат ба дӯшам вогузор мекунад, ба кор мебарам. Худо хоҳад, ҳамроҳ Қирғизистонро обод мекунем."

Рӯзи 21-уми август Сооронбой Ҷеенбеков расман номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ шуд. Ба ҷонибдории ӯ 46 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд ва имтиҳони забони қирғизиро ҳам ӯ бо баҳои 94,6 дарсад супурд. Дар лаҳзаи ба даст гирифтани шаҳодатномаи номзадӣ ӯ гуфт, ки дар кишвар тамоми шароит барои баргузории интихоботи одилонаву боз фароҳам шудааст.

Исҳоқов ба мӯҳлати як ё ду моҳ интихоб намешавад. Ҳизби сотсиал-демократ мехоҳад, ки ҳайати ҳукуматро баъди интихобот ҳам ҳамингуна ҳифз кунад

Сооронбой Ҷеенбеков дар давоми рӯз бо президент ҳам мулоқот карда номаи истеъфои худро таслим кард. Ҳамроҳ бо ӯ тамоми аъзои ҳукумат ба истеъфо рафт. Ҳоло эътилофи аксарият бояд ҳайати нави ҳукуматро пешниҳод кунад. Дар сурати аз ҷониби 70 дарсади депутатҳои порлумон пазируфта шудани номзадии кабинаи нав, ҳайати кабина интихоб мешавад. То он замон вазирони амалкунанда ба ҳайси иҷрокунандаи ин мақом кор мекунанд.

Ҷойи Ҷеенбековро кӣ мегирад?

Қарор аст, ҷаласаи ғайринавбатии Жогоргу Кенеш ё порлумони Қирғизистон рӯзи 25-уми август баргузор шавад ва дар ҷараёни он ҳайати нави ҳукумат интихоб мешавад. Аз ҳоло тахмин зада мешавад, ки ҷои Ҷеенбеков – "дасти рости" Отамбоевро раиси дастгоҳи президент Сафар Исҳоқов хоҳад гирифт. Сиёсатшинос Эмил Ҷӯраев мегӯяд, интихоби Исҳоқов барои ҳизби ҳоким дар ин марҳилаи гузариш хеле муҳим аст.

Сооронбой Ҷеенбеков, Алмосбек Отамбоев, Сафар Исҳоқов
Сооронбой Ҷеенбеков, Алмосбек Отамбоев, Сафар Исҳоқов

"Ҳамин ки дар бораи тағйири мақом кардани нахуствазир гуфтанд, исми Сафар Исҳоқов садо дод. Ин хабари тоза нест. Номзадии ӯ барои ҳукумат пеш аз интихобот ва баъди он муҳим аст. Исҳоқов ба мӯҳлати як ё ду моҳ интихоб намешавад. Ҳизби сотсиал-демократ мехоҳад, ки ҳайати ҳукуматро баъди интихобот ҳам ҳамингуна ҳифз кунад", - гуфт коршинос.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр баргузор мешавад. Дар маҷмӯъ, 59 нафар хостори ишғоли курсии президентӣ шудааст. То имрӯз ба таври расмӣ номзадии раиси ҳизби "Оқ Шумқор" Темир Сариев ва раҳбари ҷиноҳи "Республика – Ота Ҷурт" дар порлумон Омурбек Бабанов сабтином шудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG