Пайвандҳои дастрасӣ

Норозигии Бишкек аз мулоқоти Назарбоев бо Бабанов


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон кордори муваққатии сафорати Қазоқистон дар Бишкек Жанибек Карибжановро дар робита ба мулоқоти президент Нурсултон Назарбоев бо яке аз номзадҳои мақоми президентии Қирғизистон эҳзор кардааст.

Мулоқоти раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Омурбек Бабанов дар шаҳри Алмаато баргузор шуд.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар робита ба ин вохурӣ ва омодагии Назарбоев барои пуштибонӣ аз Бабанов дар интихобот норозигӣ баён кард.

"Агарчӣ раҳбари Қазоқистон гуфт, ба кори дохилии Қирғизистон дахолат намекунад, вале суханони ӯ баёнгари ҷонибдории Қазоқистон аз президенти оянда аст. Бишкек гуфтаҳои боло ва бозтоби густардаи мулоқоти ҷонибҳоро аз тарафи Қазоқистон ҳамчун кӯшиши таъсир гузоштан дар интихоботи президентӣ ва дахолат ба умури дохилии Қирғизистон арзёбӣ мекунад", - омадааст дар нотаи эътирозии ВКХ Қирғизистон.

Сомонаи расмии президенти Қазоқистон 19 сентябр хабар дод, ки раисҷумҳур Нурсултон Назарбоев бо номзад ба мақоми президентии Қирғизистон ва раҳбари ҷиноҳи ҳизби «Республика - Ота-Журт» Омурбек Бабанов мулоқот кард.

Интихоботи навбатии президентии Қирғизистон қарор аст, 15 октябр баргузор шавад. Дар он 13 номзад барои курсии президентӣ рақобат хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG