Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд ҷузъиёти паймони амниятии Кобулу Вошингтон


Расми имзои паймони амниятии Амрикову Афғонистон. Кобул, 30 сентябр
Расми имзои паймони амниятии Амрикову Афғонистон. Кобул, 30 сентябр

Паймони амниятии имзошуда байни Амрикову Афғонистон чӣ дорад? Оё баъди соли 2014 дар ин кишвари ҷангзада чӣ миқдор аз сарбозони амрикоӣ хоҳанд монд ва таҳти кадом маъмурияте?

Амрико ва Афғонистон мувофиқнатномаи деринтизори амниятии миёни ду кишварро имзо карданд. Ҳаниф Атмар - мушовири амнияти миллии Афғонистон ва Ҷеймс Каннигҳам - сафири Амрико дар Афғонистон ин қарордодро аз номи ҳар ду кишвар 30 сентябр дар Кобул ба имзо расонданд.

Дар ин мувофиқатнома шарту шароити идомаи ҳузузри нирӯҳои маҳдуди Амрико барои боз даҳ соли дигар пешбинӣ шудааст.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай баъд аз имзо дар бораи аҳамияти ин мувофиқатнома чунин гуфт: “Имрӯз Афғонистон ҳокимияти миллии худро ба даст меорад. Имрӯз мо шоҳиди мусовот (баробарӣ)-и давлати Афғонистон бо давлатҳои ҳамкори худ дар дунё ҳастем.”

Ӯ афзуд, имзои ин санад ҳеҷ гоҳ ба манофеи миллии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон таҳдид намекунад, балки "ба суди мардуми мо ва ба суди суботи минтақаву ҷаҳон аст." Аҳмадзай гуфт, ин паймон ҳамчунин имкон медиҳад, то Амрико таъмини молии нирӯҳои амниятии ба 350 000 нафар расидаи Афғонистонро ҳамчунон идома диҳад.

Ҷеймс Каннингҳам ба навбаи худ гуфт, нирӯҳои амниятии афғон "ирода ва тавоноии худ"-ро нишон доданд ва "ин қарордод ба Амрико имкон медиҳад, то баъди анҷоми маъурияти ISAF ҳам барои таъмини пешрафти ин нирӯҳо ёрии худро бирасонад." Ба гуфтаи сафири Амрико, имзо шудани паймони амниятӣ дарро барои ироаи кӯмакҳои Амрико ба соҳоти дигари рӯзгори Афғонистон, аз ҷумла ба маорифу тандурустӣ ва ҳимоят аз занон, боз мекунад.

Мӯҳлати истиқрори нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ 31 декабри соли ҷорӣ ба поён мерасад. Баъд аз он мувофиқатномаи кунунӣ аз якуми январи соли 2015 эътибор пайдо мекунад ва то поёни соли 2024 идома меёбад.

Чанд нафар сабозони хориҷӣ дар Афғонистон мемонанд?

Расми имзои паймони амниятии Амрикову Афғонистон. Кобул, 30 сентябр
Расми имзои паймони амниятии Амрикову Афғонистон. Кобул, 30 сентябр

Бар асоси ин мувофиқатнома Вашингтон ба нақша гирифтааст, ки ҳудуди 9 800 низомии худро дар Афғонистон нигоҳ дорад. Вале ин шумора дар солҳои баъдӣ метавонад камтар шавад. Масалан, хабаргузории Ассошиэйтед Пресс навиштааст, “Вашингтон умед дорад, ки баъд аз соли 2016 танҳо 1000 нафар сарбозони худро дар Афғонистон нигоҳ дорад ва он бахше аз намояндагии “дафтари амниятӣ” хоҳад буд, ки нақши мушовирони артиши Афғонистонро хоҳад дошт.”

Амрико танҳо кишвари хориҷӣ нахоҳад буд, ки дар Афғонистон нирӯи маҳдуди худро нигоҳ медорад. Чунин мувофиқатнома дар Кобул ҳамзамон байни Афғонистон ва паймони НАТО низ имзо шуд. Бар асоси он Олмону Итолиёву Бритониё ва кишварҳои дигари узви паймони НАТО баъд аз хатми соли 2014 ҳудуди 4 то 5000 сарбози худродар Афғонистон нигоҳ медоранд.

Чаро сарбозони Амрико дар Афғонистон мемонанд?

Дар мувофиқатнома омадааст, вазифаи сарбозони Амрико дар Афғонистон ин аст, ки тавоноии Афғонистонро дар баробари хатарҳои дохиливу хориҷӣ боло бибарад ва ин кишвар аз истиқлоли худ ҳифз кунад. Нирӯҳои Амрико ба артиши Афғонистон машварат ва машқ медиҳанд.

Дар мувофиқатнома гуфта мешавад, ки бидуни ризоияти ҷонибҳо нирӯҳои Амрико дар Афғонистон дар амалиёти ҷангӣ ширкат нахоҳанд кард. Вале маълумоти иктишофиро дар ихтиёри нирӯҳои Афғонистон мегузоранд, тавоноии нирӯҳои ҳавоиро боло мебаранд ва аз ин роҳ ба афғонҳо кӯмак мерасонанд.

Нирӯҳои НАТО низ аслан дар машқу тамрини нирӯҳои артиш ва пулиси афғон ширкат меҷӯянд. Онҳо низ дар амалиёти ҷангӣ ширкат намекунанд.

Чаро ин мувофиқатнома то ҳол имзо нашуд?

Ин мувофиқатнома то 30 сентябр барои он имзо нашуд, ки Ҳомид Карзай - раиси ҷумҳури пешини Афғонистон ба он мухолиф буд ва намехост, ки нирӯҳои Амрико дар Афғонистон дар амалиёти зиддитерроризм ширкат кунанд. Вале вай мегуфт, ки ин мувофиқатнома ба нафъи мардуми Афғонистон аст.

Ҷовид Лудин - муовини пешини вазири корҳои хориҷаи Афғонистон ва яке аз мушовирони Ҳомид Карзай мегӯяд: “Сабаби имзо нашудани ин санад аз ҷониби Ҳомид Карзай чунин аст: вай бар ин андеша буд, ки амрикоиҳо дар интихобот мудохила мекунанд. Карзай сабабҳоеро матраҳ мекард, ки ба худи мувофиқатнома ҳеҷ рабте надошт.”

Карзай гаҳ-гоҳе нирӯҳои Амрикоро дар марги ғайринизомиён дар Афғонистон муттаҳам мекард ва барои ҳамин манти қарордодро қабул надошт, бо вуҷуди он ки ин матнро моҳи ноябри соли гузашта Луя Ҷирга дар ҷаласаи вижаи худ ба тасвиб расонда буд. Аз чунин мавзеъгирии Ҳомид Карзай Ашрафғанӣ Аҳмадзай интиқод карда буд.

Яке дигар аз мавзӯъҳои баҳс ин буд, ки нирӯҳои Амрико дар сурати содир кардани ҷиноят дар Афғонистон тибқи қонунҳои ин кишвар муҷозот хоҳанд шуд ё масун хоҳанд монд? Дар матни мувофиқатномаи кунунӣ гуфта мешавад, ки Кобул розӣ аст, то Амрико дар қиболи сарбозони амрикоие, ки дар Афғонистон ҷиноят содир мекунанд, аз муқаррароти қонун истифода кунад.

XS
SM
MD
LG