Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Савганди Аҳмадзай, Дӯстум, Дониш ва Абдуллоҳ


Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба унвони раиси ҷумҳури нави Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ҳайси раҳбари иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ савганд ёд карданд.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай имрӯз, 29 сентябр, ба унвони раиси ҷумҳури нави Афғонистон савганди вафодорӣ ёд кард. Дар баробари ӯ ду муовинаш - Абдурашид Дӯстум ва Сарвар Дониш, инчунин, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ҳайси раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ қасам хӯрданд.

Дар оғози маросим Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури аз имрӯз собиқи Афғонистон суханронӣ карда, гуфтааст, ифтихор дорад, имрӯз қудратро ба таври мусолиматомез ба раиси ҷумҳури нав месупорад. Ӯ гуфтааст, бовар дорад, ҳукумати ваҳдати миллӣ таъмини сулҳу суботро дар садри барномаҳояш қарор медиҳад. “Бидуни таъмини амният, Афғонистон ба пешарфте даст нахоҳад ёфт”,-афзудааст ӯ.

Расми адои савганди раҳбарони нави Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Аз Тоҷикистон дар ин маросим Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, иштирок дорад, ки ҳамроҳ бо вазири нақлиёт -- Хайрулло Асозода ва муовини вазири умури хориҷӣ -- Низомиддин Зоҳидӣ ба Кобул рафтааст.

Ҳомид Карзай, ки баъд аз сенздаҳ соли ҳукуматдорӣ аз қудрат канор меравад, чанд рӯзи пеш, ҳангоми худоҳофизияш бо намояндагони сафоратҳову созмонҳои байналмилалӣ гуфт, омодагиҳо барои маросими савгандёдкунии ин ду нафар хуб ҷараён гирифтааст ва ӯ рӯзи душанбе қудратро ба раиси ҷумҳури нави Афғонистон интиқол медиҳад. “Таъйид шудааст, ки раиси ҷумҳури нав дар баробари қозиюлқуззот ва раҳбари иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар баробари раиси ҷумҳур савганди вафодорӣ ёд кунанд. Ба кумисюни баргузории маросими савгандхӯрӣ ҳидоят дода шуд, то чунин омодагӣ бигирад”,-афзуд оқои Карзай.

Масъулон дар Афғонистон мегӯянд, маросими қасамёдкунӣ бо шукуҳ ва дар ҳузури садҳо иштироккунандаи дохиливу хориҷӣ баргузор хоҳад шуд. Ҷавод Ноҷӣ, сухангӯи идораи умур ва дорулиншои Шӯрои вазирони Афғонистон дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, кумисюни баргузории маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳур аз моҳҳо пеш ба ин сӯ ҷаласаҳои муназзамеро баргузор мекард: “Мо дар ин маврид омодагии комил дорем ва омодаи пазироӣ аз меҳмонон ҳастем. Дар ин қисмат ҳеч навъ мушкил вуҷуд надорад ва умедвор ҳастем, маросими савгандёкуниро ба гунаи хуб ва пуршукуҳ баргузор кунем.”

Ҳомид Карзай дар худоҳофизии худ гуфт, ӯ ба унвони як шаҳрванд аз раиси ҷумҳури оянда пуштибонӣ хоҳад кард. Дар таърихи Афғонистон ин бори аввал хоҳад буд, ки қудрат ба гунаи мусолиматомез ба раҳбари нав интиқол меёбад.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва доктор Абдуллоҳ пас аз моҳҳо рақобат ва ҷангҷоли сиёсӣ дар бораи эҷоди ҳукумати ваҳдати миллӣ тавофуқ карданд. Коршиносон мегӯянд, амният, иқтисод ва муборизаи ҷиддӣ бо фасоди идорӣ бояд аз авлавиятҳои калидӣ ё муҳим дар ҳукумати ваҳдати миллӣ бошад.

XS
SM
MD
LG