Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 назар аз Тоҷикистон ба паймони амниятии Кобулу Вашингтон


Маросими
Маросими

Дар Тоҷикистон ба паймони нави амниятии Амрикову Афғонистон хушбинанд. Бовари бештари мусоҳибони мо, ҳузури нерӯҳои амрикоӣ аз афзоиши нуфузи Толибон дар марз ҷилавгирӣ мекунад.

Маҳфилҳои давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон аз имзо шудани паймони амниятии Амрикову Афғонистон ва он ҳам баъд аз баҳсу таъхирҳои дароз ва ихтилофи назарҳо истиқбол мекунанд. Бисёриҳо бар инанд, ки ҳадафи меҳварии паймони дуҷонибаи амниятӣ, ки рӯзи 30 сентябр дар Кобул ба имзо расид, таъмини суботи Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин кишвар аст. Интизор меравад дар ин муддат нерӯҳои Афғонистон ба андозае нерӯманд хоҳанд шуд, ки дигар ниёз ба ҳузури ҳарбии хориҷӣ дар ин кишвар боқӣ намонад.

Саттор Холов, муовини раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амният дар парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, аҳдофи барқарории суботи комил дар Афғонистон, ки ҷониби Амрико бо бастани ин созишнома дунбол мекунад, зоҳиран, умедворкунандаанд. Ин вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, “мақомдорони амрикоӣ эълон медоранд, ки ҳадафашон аз боқӣ мондан дар Афғонистон эҷоди сулҳу субот дар ин кишвар аст. Ин ҳадафи хуб аст. Аммо бо вуҷуди солҳои тӯлонӣ дар Афғонистон мондани нерӯҳои амрикоӣ мебинем, мушкилоти зиёди амниятии ҳалношуда боқӣ мондааст. Агар, воқеан, нерӯҳои амрикоӣ вазифаи худро дар таъмин кардани ҳуқуқу озодиҳо иҷро кунанд, боқӣ монданашон ба манфиати кор аст. Ҳолатҳое буд, ки бо баргузории амалиёти ҳарбӣ боиси талафоти инсонҳои бегуноҳ мешуданд, ки фикр мекунам, дар оянда бояд ислоҳи худро пайдо кунанд.”

Саттор Холов
Саттор Холов

Аммо Саттор Холов мегӯяд, ҳарчанд давоми 13 соли ҳузури амрикоиҳо терроризм дар ин кишвар пурра решакан нашуд, аммо дар ҳар сурат боқӣ мондани амрикоиҳо дар Афғонистон ба суд (нафъ)-и Тоҷикистон аст: “Боқӣ мондани нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон барои таъмини амнияти сарҳади давлатии мо кумак мекунад. Агар ин нерӯҳо ба таъмини амнияти комил дар Афғонистон даст ёбанд, ба манфиати давлати мо ҳаст, зеро доштани як ҳамсояи боамну босубот орзуи мост. Толибоне, ки мехоҳанд, нуфузи худро дар вилоятҳои Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марз доранд, афзоиш диҳанд, ҳузури амрикоиҳо боиси коҳиши нуфузи онҳо ҳам мегардад.”

Аммо иддаи дигаре аз соҳибназарон бастани ин созишномаро танҳо ба манфиати Амрико ва ҳукумати кунунии Афғонистон медонанд. Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ки замони Шӯравӣ ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ собиқаи кору зиндагӣ дар Афғонистонро дошт, мегӯяд, паймоне, ки миёни Амрико ва Афғонистон баста мешавад, ягон вижагии хос ва умедворкунанда надорад. Ба гуфтаи ӯ, Амрико дар таъмини сулҳу суботи комил дар Афғонистон ноком буд ва ҳанӯз дар гумон аст, ки тамдиди ҳузураш дар ин кишвар дар солҳои оянда натиҷаи хубе ба бор оварад.

Маҳмадалии Ҳайит
Маҳмадалии Ҳайит

“Ин паймон бештар ба манфиати Амрико ҳаст ва Афғонистон маҷбур аст, онро ба имзо расонад. Бастани ин созишнома танҳо ба манфиати ҳукумати Афғонистон аст, ки бақояшро таъмин месозад ва ба манфиати мардуми ин сарзамин нест. Барои кишварҳои дигари минтақа ҳам чандон манфиати хубе надорад. Буду боши ин нерӯҳо ҷилави нерӯҳое, ки муқобилашон дар Афғонистон меҷангиданд, гирифта натавонист ва гирифта ҳам наметавонанд, ки таъсираш ба минтақа мерасад”,-гуфт оқои Ҳайит.

Дар ҳар сурат иддаи дигари коршинсон дар шароите, ки кишварҳои минтақа дучори мушкилоти хоси худанд, ҳузури як кишвари абарқудрат дар ҳамсоякишвари Тоҷикистонро нек медонанд. Маҳдии Собир, коршинос дар умури амниятӣ, бо таъкиди ин нукта мегӯяд: “Маълум мешавад, Амрико аз Афғонистон хориҷ шуданӣ нест. Тоҷикистон бо ҳама кишварҳо муносиботи неку дӯстона дорад, ки Амрико аз ҷумлаи онҳост. Бастани ин созишнома барои Тоҷикистон манфиати хеле муҳим дорад. Мо кишваре ҳастем, ки ҳамеша хоҳони сулҳу субот дар минтақа будем. Албатта, боқӣ мондани нерӯҳои амрикоӣ аз ҳама лиҳоз ба манфитаи кишвари мо ҳам ҳаст. Амрико як давлате ҳаст, ки ҳар ҷое ҳузур пайдо кард, ободие ҳатман мешавад. Бубинед, он кишварҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ бо Амрико буданд, ҳоло ҳамаашон кишварҳои тавоно ва мутараққӣ ҳастанд”.

Амрикову Афғонистон рӯзи 30 сентябр билохира ба созишномаи дуҷонибаи амниятие имзо гузоштанд, ки тибқи он ҳудуди 10 000 сарбози амрикоӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои ҷангии эътилофи байналмилалӣ, ки бояд то 31 декабри соли 2014 такмил шавад, боз ҳам барои идомаи ҷанг бо шабакаи “Ал-Қоида” ва тамрини нерӯҳои афғон дар Афғонистон хоҳанд монд. Ин паймони амниятӣ заминаи ҳуқуқии тамдиди ҳузури нерӯҳои Амрикоро фароҳам меорад.

XS
SM
MD
LG