“Дар Интернет аксе пайдо шуд, ки эҳтимол ҷасади як маҳбуси украиниро нишон медиҳад. Русҳо сару дастҳояшро буридаанд,” – навишт Любинетс дар “Телеграм” рӯзи 3-юми август.
Вай дар идома гуфт, ин рафтор "вайрон кардани Конвенсияи Женева дар бораи муносибат бо асирони ҳарбист".
Додситони кулли Украина Андрей Костин хабар дод, ки тафтишотро дар ин замина оғоз кардаан. Вай афзуд: “Русия ҷиноятҳои фашистонро такрор мекунад.”
Русия ҳаргуна иддаоро дар бораи шиканҷа ва бадрафторӣ бо асирони ҷангӣ намепазирад.
Кумисюни Созмони Милал дар мавриди таҳқиқи ҳаводиси Украина дар гуфт, коршиносони ин созмон аз моҳи декабри соли 2023 то моҳи феврали соли 2024 куштори дастикам 32 асири украиниро ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд.