Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи манъи пӯшидани ниқоб дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду вакили Думаи давлатӣ аз Ҳизби коммунисти Русия лоиҳаи қонунро дар бораи манъи пӯшидани ниқоб ба ҳукумати ин кишвар фиристодаанд. Тарҳи қонун барои пӯшондани рӯй то 30 ҳазор рубл ҷарима пешбинӣ мекунад.

Михаил Матвеев, яке аз муаллифони тарҳ, 11-уми июн дар Телеграм навишт, “ману ҳамкорам Сергей Обухов лоиҳаи қонунро дар бораи манъи пӯшидани рӯй омода карда, ба ҳукумати Русия додем.”

Дар лоиҳаи қонун омадааст, пӯшидани рӯй танҳо бо сабабҳои тиббӣ, кор дар шароити зимистон ва дар иду ҷашнҳо мумкин аст. Дар ҳолатҳои дигар, барои пурра пӯшидани рӯй аз 10 то 30 ҳазор рубл ҷарима мебанданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки ҳукумати Русия ба ин тарҳи қонун чӣ вокуниш нишон медиҳад.

Пештар муфтии Маскав Илдар Аловиддинов аз пайомадҳои манъи ниқоб дар Русия ҳушдор дода, гуфт, "манъи ниқоб метавонад боис ба хашми мусулмонони Русия гардида, дар ҷомеа манбаъҳои нави ташаннуҷро ба вуҷуд оварад". Вай кӯшиши манъи пӯшидани ниқобро як амали ошкори нақзи меъёрҳои қонуни дунявӣ ва Конститутсия номид.

XS
SM
MD
LG