Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия дастур додаанд, ки паёмҳои кориро дар Телеграм аз байн баранд


Бино ба гузоришҳо, мақомоти Русия дастур гирифтаанд, ки мукотиба ё паёмҳои кориро аз замимаи Телеграм ҳазф кунанд.

Ин дастур баъд аз боздошти бунёдгузор ва мудири иҷроияи Телеграм, Павел Дуров, дар Фаронса содир шудааст.

"База", як саҳифаи наздик ба мақомоти Русия дар Телеграм, рӯзи 25-уми август навишт, кормандони Вазорати дифоъ, тоҷирони маъруф ва афсарони амниятӣ чунин дастур гирифтанд.

Ин дар ҳолест, ки блогерони Русия Телеграмро "василаи асосии иртибот" байни воҳидҳои низомии ин кишвар дар майдони ҷанг дар Украина номидаанд.

Мақомоти Фаронса шоми 24-уми август Павел Дуров, бунёдгузор ва мудири иҷроияи Телеграмро дар фурудгоҳи Бурге дастгир карданд. Ӯ аз Озарбойҷон бармегашт.

Миллиардери 39-сола, ки шаҳрвандии Фаронсаву Русияро дорад, ба тақаллуб, қочоқи маводи мухаддир, озори лафзӣ дар фазои маҷозӣ, ҷинояткории муташаккилона ва тарғиби терроризм муттаҳам мешавад.

Павел Дуров дар Русия ба дунё омада, даҳ сол пеш ватанашро тарк кард ва соли 2021 шаҳрвандии Фаронсаро гирифт. Ӯ асосан дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мезист ва қароргоҳи ширкаташ ҳам онҷост.

XS
SM
MD
LG