Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Русбадбинӣ”. Дар Қазоқистон суханҳои Толстойро шарҳ надоданд


Маулен Ашимбоев
Маулен Ашимбоев

Раиси Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбоев суханҳои муовини раиси Думаи давлатии Русия Петр Толстойро, ки Остонаро ба русбадбинӣ муттаҳам кард, нахост шарҳ диҳад.

Ашимбоев дар посух ба суоли рӯзноманигорон танҳо гуфт, суханҳои Толстой назари шахсии ӯст.

"Ба фикри ман, ин назари шахсии як кас аст ва он наметавонад мавқеи расмии Думаи давлатии Русия бошад", - изҳор дошт Ашимбоев.

Муовини раиси Думаи давлатии Русия дар суҳбат бо радиои "Комсомолская правда" гуфт, агар Маскав мушкилро бо Украина "ҳал накунад", пас, дучори мушкили ҳамсон бо Қазоқистон, Арманистон ва кишварҳои дигаре хоҳад шуд, ки Русияро иҳота кардаанд.

"Бубинед, имрӯз дар Қазоқистон чи мегузарад. Дар онҷо нақшаи эҳёи кадом як давлати қазоқӣ, истиқлол ва гузаштан ба алифбои лотинӣ афсонаи миллие рушд мекунад", - изҳор дошт ӯ.

XS
SM
MD
LG