Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 9 кас дар ҳамлаи Русия ба бемористони Украина


Суми, Украина. 28-уми сентябри 2024
Суми, Украина. 28-уми сентябри 2024

Русия рӯзи 28-уми сентябр ба як бемористон дар минтақаи марзии Сумии Украина ҳамла кардааст.

Дар ин ҳодиса камаш 9 нафар кушта, 12 кас захмӣ шуданд.

Владимир Зеленский, президенти Украина, ҳамларо маҳкум кард. Ӯ гуфт, ки Русия "бо бемористонҳо ҷанг мекунад".

Вазири корҳои дохилии Украина Иҳор Клименко хабар дод, ки дар миёни қурбониён як афсари пулис ҳам ҳаст.

Нерӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, рӯзи 28-уми сентябр 69 ҳавопаймои бесарнишини Русияро сарнагун карданд. Ба иттилои онҳо, Русия дар ин рӯз ба тарафи Украина бо 73 паҳпод ҳамла намудааст.

XS
SM
MD
LG