Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи мушакии Русия ба Полтава 41 кас ҷон бохтааст


Бар асари ҳамлаи мушакии Русия ба Донишкадаи алоқа дар Полтаваи Украина камаш 41 нафар кушта шудааст.

Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский ва Вазорати дифои он кишвар рӯзи 3-юми сентябр хабар доданд.

Зеленский гуфт, “яке аз биноҳои Донишкада қисман вайрон шуд. Мардум дар зери харобаҳо монданд. Мутаассифона, бисёриҳо ҷон бохтанд."

Ба иттилои раиси ҷумҳури Украина, дар ин ҳодиса дар Полтава зиёда аз 180 нафар захмӣ шудаанд.

Артиши Украина рӯзи 3-юми сентябр гуфт, ки дар шабонарӯзи гузашта 27 ҳавопаймои бесарнишини Русияро нобуд кард. Дар умум Русия ба вилоятҳои Киев, Одесса, Харков, Николаев, Херсон, Полтава, Черниҳов ва Сумӣ 35 дрон сар додааст.

Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва даргирӣ аз он замон идома дорад.

XS
SM
MD
LG