Дар 25 соли охир дар Навори Ғазза мавриди нахустин бемории фалаҷи атфол сабт шудааст.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 29-уми август эълом кард, ки Исроил ба оташбаси серӯза барои моякӯбӣ дар Ғазза ризоият дод.
Ба гузориши “Франс Пресс”, қабл аз оғози маърака, субҳи 31-уми август, дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза даҳҳо нафар кушта шуданд. “Рейтерс” хабар дод, ки шумораи кушташудагон ба 48 нафар расид.
Ҷангҷӯёни "Ҳамос" дар моҳи октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил ҳамла карда, ҳудуди 1200 нафар, аксаран ғайринизомиёнро кушта ва 250 нафарро гаравгон гирифтанд.
Ин ҳамла боис ба сар задани ҷанг дар Навори Ғазза гашт. Аз он замон то кунун беш аз 40 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.