Ба гуфтаи яке аз мусофирон, онҳо рӯзи 24-уми октябр парвоз карда буданд. “Аз 100 мусофир 27 нафарро гардонданд,” – гуфт корбари Радиои Озодӣ.
Ба муҳоҷирон сабабро шарҳ надодаанд. Ҳоло онҳо дар фурудгоҳи Сочӣ нигаҳ дошта мешаванд. “Оварда дар ҳамин ҷо маҳкам карданд. Фақат иҷозат медиҳанд, ки якнафарӣ ба ҳоҷатхона равед, тамом. Ҳама мард ҳастанд,” – афзуд мусоҳиби мо.
Ин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷикро дар замоне ба Русия роҳ надоданд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафаре дар ин кишвар қарор дошт. Дар як моҳи охир ин сафари дувуми ӯ ба Русия аст, вале зоҳиран ба тағйири вазъи муҳоҷирон таъсире надоштааст.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кори муносибу даромади бештар ба Русия мераванд. Тайи зиёда аз як соли охир тафтишу боздошти онҳо афзудааст. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вурудро ба Русия наёфта, ҳазорҳо нафари дигар дар фурудгоҳ дармонданд ва ё ихроҷ карда шуданд.