Ҳодиса шоми 12-уми август дар наздикии гузаргоҳи сарҳадии "Турхам" рӯй дод. Гузаргоҳ дар байни вилояти Нангарҳори Афғонистон бо Покистон воқеъ аст.
Сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии "Толибон" рӯзи 13-уми август гуфт, "як зан ва ду кӯдак кушта шуданд."
Ӯ афзуд, даргирӣ ба сабаби тиркушоии нерӯҳои Покистон ба сӯйи марзбонҳои "Толибон" рух дод.
Покистон ин ҳодисаро шарҳ надодааст.