Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Белорус зидди 257 намояндаи мухолифон парванда кушоданд


Шуморе аз сарони мухолифони Белорус. Акс аз бойгонӣ.
Шуморе аз сарони мухолифони Белорус. Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи тафтишоти Белорус зидди 257 касе, ки номзадии худро ба узвияти Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон пешниҳод доранд, бо гумони қасди ғасби қудрат парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Хадамоти матбуотии кумита иттилоъ дода, ки гумонбарони парвандаи ғасби қудрат ҳамчунин дар "даъватҳо ба ҳаракатҳои зидди амнияти миллӣ", "ташкили созмони экстремистӣ" ва "мусоидат ба фаъолияти экстремистӣ" муттаҳам мешаванд.

Бино ба фарзияи мақомоти тафтишотии Белорус, ҳамаи гумонбарон 12 созмони тундравро намояндагӣ мекунанд.

"Аллакай хабарҳо дар бораи амволи ғайриманқул ва дороии гумонбарони парвандаҳо дар кишвар дастрас шудааст. Дар ҳоли ҳозир тафтишот ҷараён дорад. Аз ҷумла, амволи онҳо бозҷӯӣ ва ба ҳабс гирифта мешавад", - омадааст дар иттилоияи кумита.

Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон 20 августи соли 2020 бо ташаббуси Светлана Тихановская барои бурунрафт аз буҳрони сиёсӣ дар Белорус таъсис ёфта буд. Ин созмон ҷойгузини порлумони Белорус гуфта мешавад, ки аз сӯи ИМА ва Иттиҳоди Аврупо эътироф шудааст.

Имсол дар шӯро интихобот баргузор мешавад ва ба узвияти он бояд 112 кас интихоб шавад. Он дар Белорус "созмони экстремистӣ" эътироф шудааст.

XS
SM
MD
LG