Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзандони се узви шинохтаи ҲНИТ бо нишони эътироз тарки ҳизб карданд


Шуҳрати Раҳматулло, Ҳисомиддин Зубайдуллозода ва Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ
Шуҳрати Раҳматулло, Ҳисомиддин Зубайдуллозода ва Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ

Ҳисомиддин Зубайдуллозода, Шуҳрати Раҳматулло ва Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, фарзандони аъзои зиндонии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо нишони эътироз аз сафи ҳизб хориҷ шудаанд.

Ин се нафар 7-уми январ дар Фейсбук навиштанд, "бо сабаби ноуҳдабароиҳо ва бемасъулиятиҳои раҳбарияти ҳизб ва ҳамчунин бекифоятии онҳо дар мудирияти ҳизб, аз идомаи мубориза дар сафи ҳизб даст кашиданд".

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, даст кашидани аъзои ҳизб ҳодисаи нав нест ва дар гузашта ҳам гурӯҳ-гурӯҳ аъзои ҳизб зери фишори мақомоти амнияти кишвар бо сару садо аз ҳизб берун мешуданд. "Ҳоло дар ҳиҷрат ҳам ин ҳолатҳо идома дорад ва ҳукумати Тоҷикистон кори худро идома дода истодааст", - гуфт Кабирӣ.

Ҳисомиддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви пешини Раёсати олии ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, "моҳи октябри соли гузашта дар зери навиштаи Паймони миллии Тоҷикистон (созмони мамнуъ дар Тоҷикистон. Р.О) шарҳе навиштам, ки боиси нороҳатии роҳбарияти ҳизб шуд. Инак наздики се моҳ мешавад, ки ҳеҷ ҷавоби қонеъкунанда нагирифтам", - гуфт Ҳисомиддин.

Шуҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви дигари зиндонии раёсати ҲНИТ аз он интиқод кард, ки "роҳбарияти кунунии ҳизб барои озодии зиндониёни сиёсӣ ба ҷуз шиорпартоӣ ва худсафедкунӣ ҳеҷ гуна чораҳои ҷиддӣ ва муассир наандешидааст".

Муҳаммадиқболи Ҳусайнӣ, фарзанди Саидумар Ҳусайнӣ, вакили собиқи порлумон ва муовини аввали раиси ҳизб низ аз мавқеи Ҳисомиддин Зубайдуллозода ва Шуҳрати Раҳматуллоро ҳимоят намуда, аз ҳизб берун шудааст.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз хориҷ шудани чанд узви ҳизб хабар дорад.

Кабирӣ гуфт, аъзое "бар асоси ихтилофи фикрӣ" ҳизбро тарк мекунанд ва ҳам онҳое низ ҳастанд, ки "аз идомаи муборизаи тӯлонӣ ва боз дар мусофират хаста мешаванд" ва "касоне ҳастанд, ки махсус бо сару садо андохтан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбор ва бо танқиди мудирияти ҳизб" аз сафҳои он мераванд.

Дар даҳ рӯзи ахир ин ҳадди ақал дуюмин мавриди тарки ҳизб кардани аъзони шинохтаи ҲНИТ аст. Охири моҳи декабр Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов, ду узви Раёсати олии ҲНИТ эълон карданд, ки аз "исломи сиёсӣ канорагирӣ" мекунанд ва дигар ҳеч робитае бо Ҳизби наҳзат надоранд. Файзраҳмонов ва Қаюмов ҳамчунин гуфтанд, "исломи сиёсӣ дар ниҳоят ба бунбаст мерасад".

Баъди ин хабар, намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ аз ислоҳоти фарогири ин созмон хабар доданд.

Намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ бидуни овардани ҷузъиёти мушаххас гуфтаанд, дар доираи ислоҳоти нав бояд "муносибати ҳаракат бо масоиле чун давлат, миллат, дин ва сиёсат" бознигарӣ шавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз соли 2015 фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, чӣ тағйиротеро дар кори худ роҳандозӣ мекунад, вале тарки сафҳои он кардани аъзои шинохтааш ва қаблан дар як ҷунбиши дигар муттаҳид шудани чанде аз аъзои саршиноси онро мунтақидон нишонаҳои буҳрони амиқ дар ин созмон номиданд.

XS
SM
MD
LG