Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус ба 19 нафари дигар дар Бадахшон сироят кардааст


Бино ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, рӯзи 7-уми июн дар вилояти Бадахшон 19 мавриди сирояти коронавируси навро сабт кардаанд, ки ба гуфтаи хабаргузорӣ дар муқоиса ба ҳафтаҳои гузашта бисёр кам аст. Хабаргузорӣ рӯзи 8-уми июн навишт, ки дар ин бора ҳангоми ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз густариши СOVID-19 бо ҳузури раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов хабар додаанд.

Дар хабар омадааст, то “7-июн ҳамагӣ 19 нафар дар муассисаҳои табобатӣ бистарӣ гардиданд. Ин нишондод дар муқоиса ба як ё ду ҳафтаи пеш, ки шумораи сироятёфтагон аз 50 то 70 нафарро ташкил дода буд, зиёд нест.” Аз охири моҳи апрел аз замони эътирофи сирояти коронавирус ба Тоҷикистон, дар Вилояти Бадахшон ба навиштаи “Ховар” 1506 нафар “бо касалиҳои гуногуни шуш” дар бемористонҳо табобат гирифтаанд ва 1132 нафарро баъди беҳтар шудани вазъи сиҳатиашон ҷавоб додаанд.

Дар муддати бештар аз як моҳи ахир дар Бадахшон 22 нафар шахсони калонсол, ё гирифторони бемориҳои музмин фавтидаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун дар кишвар 4529 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шуда ва 48 нафар фавтидаанд. Аммо аксарият ба омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, теъдоди гирифторону талафот зиёдтар аз он аст, ки мақомот эълон мекунанд. Вазорат то ҳол доир ба теъдоди беморону талафот дар минтақаҳо ва аз ҷумла Бадахшон гузориш надодааст.

XS
SM
MD
LG