Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чораи аввалини Тоҷикистон барои пешгирӣ аз "обилаи маймун"


Таби баланд, дарди мушакҳо ва обилаҳои калон дар рӯйи пӯст аз аломатҳои ин беморӣ ҳастанд
Таби баланд, дарди мушакҳо ва обилаҳои калон дар рӯйи пӯст аз аломатҳои ин беморӣ ҳастанд

Як намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки барои пешгирӣ аз мавридҳои гирифторӣ ба бемории “Mpox” ё обилаи маймун мусофиронро дар Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе месанҷанд. Бахусус онҳоеро, ки аз Африқову Аврупо меоянд.

Наврӯз Ҷаъфаров, намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми август гуфт, барои муайян кардани ин навъи беморӣ тест дастрас нест, “аммо нишонаҳои он мушаххас буда, бо азназаргузаронӣ мушоҳида мешаванд”.

Ҷузъиёти дигаре дар бораи санҷиши нав дода нашудааст.

Мавридҳои гирифторӣ ба “Mpox” ё обилаи маймун дар ҷаҳон ба зиёда аз 14 ҳазор расидааст. Беш аз 500 аз он фавтидаанд.

“Mpox” ё обилаи маймун одатан дар Африқои Марказӣ ва Ғарбӣ, аксар вақт дар наздикии ҷангалҳои тропикӣ, сабт шуда, дар Конго эндемия (мавҷудияти доимии касалии сироятӣ дар маҳалле) ба шумор мерафт. Онро бори аввал соли 1970 дар бадани одамон кашф карданд.

Ин бемориро вирусе бармеангезад, ки аз ҳайвон ба инсон мегузарад, вале дар сурати иртиботи наздик аз одам ба одам ҳам мегузарад. Таби баланд, дарди мушакҳо ва обилаҳои калон дар рӯи пӯст аз аломатҳои ин беморӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG