Хабаргузории ИСНО аз қавли ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Теҳрон навиштааст, бо дарёфти хабари гаравгонгирии 4 шаҳранди хориҷӣ пулис дарҳол иқдом карда ва макони будубоши онҳоро муайян намуд.
Дар ҷарёни задухӯрд гаравгонгирҳо кушта ва шаҳрвандони Тоҷикистон озод карда шудаанд.
Алӣ Валипур Гударзӣ, раиси шуъбаи тафтишотии пулиси Теҳрон, ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, раҳошудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки хостаанд аз кумаки "қочоқчиёни инсон" дар Эрон истифода кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, тоҷикон ният доштаанд ғайриқонунӣ вориди қаламрави кишварҳои аврупоӣ шуда, ба Амрико муҳоҷират намоянд. Чанд нафар онҳоро гаравгон гирифта, барои раҳоияшон пули калон талаб карданд. Гударзӣ гуфт, дар ин ҳодиса панҷ нафар боздошт шуда, ду ҳамлагар дар ҷойи ҳодиса кушта шудаанд.
Ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки аз 10-уми август, шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон имкон пайдо карданд, ки ба кишварҳои ҳамдигар бидуни виза равуо намоянд.