Як ширкати азими Чин тақрибан 70 дарсад саҳмияҳои як ширкати сохтмонии сабтшуда дар Тоҷикистонро харидааст ва мехоҳад, ки аз ин роҳ дар иҷрои тарҳҳои бузурги сохтмонӣ дар кишвар саҳм бигирад. Zhejiang Asia Building Decoration Ltd, ки ба сохтмони зербунёдҳои бузург ва меҳмонхонаҳову биноҳои истиқоматии боҳашамат машғул аст, ҳафтаи гузашта бо ширкати Tajikistan Asia Construction Ltd қарордод имзо кардааст ва мехоҳад, аз тариқи он дар Тоҷикистон дар оянда 170 миллион доллар сармоя бигузорад.
Дар қарордоди байни ду ширкат, ки рӯзи 13 феврал имзо шуда ва дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, омадааст, "ду тараф мувофиқат карданд, 67 дарсади саҳмияҳои Tajikistan Asia Construction Ltd ба ихтиёри "Zhejiang Asia Building Decoration Ltd бигзарад". Ширкати сабтшуда дар Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта таъсис шуда ва ширкати азими чинӣ зоҳиран онро барои роҳ ёфтан ба арсаи сохтмонӣ дар Тоҷикистон ва ба қавли ширкат фаротар аз он харидааст.
"Zhejiang Asia Building Decoration Ltd, ки ба сохтмони зербунёдҳои бузург ва меҳмонхонаҳову биноҳои истиқоматии боҳашамат машғул аст, ҳафтаи гузашта бо ширкати Tajikistan Asia Construction Ltd қарордод имзо кардааст.
"Zhejiang Asia Building Decoration” мегӯяд, баъди таҳқиқи комил ва ошноӣ аз наздик ба ин натиҷа расид, “вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон мӯътадил аст, ояндаи саноати сохтмон ва шароити сармоягузорӣ хуб мебошад” ва кишвар дар ҳалқаи Шоҳроҳи абрешим қарор дорад, ки ҳукумати Чин онро як минтақаи афзалиятнок барои тавсеаи нуфузи иқтисодии худ дар оянда медонад.
Ба қавли ширкати чинӣ, арсаи сохтмон дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он шароити хубе барои тавсеаи фаъолият ва даромади он фароҳам мекунад. "Zhejiang Asia Building Decoration” аз ҷумла ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон ва бинои нави порлумони Тоҷикистон чашм дӯхтааст, ки ба гуфтаи мақомот, биноҳои мӯҳташаме дар Осиёи Марказӣ хоҳанд шуд. Театри миллӣ дар маркази Душанбе ба гуфтаи меъморонаш, бузургтарин дар минтақа мешавад ва мумкин аст, барои такмили он 100 миллион доллар харҷ кунанд.
Муассисони ширкате, ки "Zhejiang Asia Building Decoration Ltd” харидааст, шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, ки дар тарҳрезиву сохтмони биноҳои боҳашамати дигаре ба мисли Китобхонаи миллӣ, вазорати умури хориҷӣ ва Кумитаи андоз саҳм гузоштаанд. Дар Тоҷикистон чанд ширкати чинӣ ба мисли Sino Hydro, China Petroliem Engineering and Construction ҳаққи лоиҳакашиву сохтмонӣ ба даст овардаанд, аммо омадани "Zhejiang Asia Building Decoration” қадами дигари ширкатҳои чинӣ барои мустаҳкам кардани ҳузурашон дар арсаи сохтмонӣ дар Тоҷикистон аст.
Чин айни замон бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон аст ва бисёре аз сохтмонҳои бузурги давлатӣ бахусус тарҳи зербунёдҳо ба истиснои нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо қарзи Чин амалӣ мешаванд. Айни замон қарзи хориҷии кишвар аз 2 миллиард доллар ҳам зиёдтар аст ва бештар аз 1 миллиард доллари онро Чин барои сохтани роҳу нақб, шабакаҳои барқӣ ва ҳам зербунёдҳои дигар ба Тоҷикистон додааст.