Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хишти арзони хиштрезони Чин (ВИДЕО)


Корхонаҳои хиштпазие ки соҳибкорони чинӣ дар атрофи Душанбе сохтаанд, ширкатҳои маҳаллиро дар ин бозор батадриҷ танг мекунад. Рақобати корхонаҳои чинӣ боис шудааст, ки нархи хишт дар айни авҷи мавсими сохтмон пойин биравад.

Афзоиши шумораи корхонаҳои чиноии тавлиди хишт дар Тоҷикистон бозори гарми корхонаҳои хусусии маҳаллии тавлидоти ин маҳсулотро танг кардааст. Ли Бо Ли аз ҷумлаи соҳибкорони чинӣ аст, ки 3 сол пеш ба Тоҷикистон омада, баъди омӯтани бозор корхонаи тавлиди хишти пухта сохтаву бо дарёфти иҷозаи расмӣ дар як соли пеш бо корхонаҳои маҳаллӣ вориди рақобат шуд.

Ли Бо Ли, раҳбари корхонаи хиштбарории «Хуан Ша Тайн» мегӯяд: «Вақте ман ба Тоҷикистон омадам ва бо мардум ва масъулон суҳбат мекардам, тоҷикҳоро мардуми меҳмондӯст дарёфтам. Ҳамчунин дидам, ки дар ин кишвар корхона кушодан осон аст ва ман бе мушкил корхона сохта ва корро шурӯъ кардам. Ҳоло дар корхонаи манн 60 нафар, аз ҷумла 20 шаҳрванди Чин ва боқӣ мардуми маҳаллӣ кор мекунанд.»

Корхонаи хиштбарории «Хуан Ша Тайн» дар шабонарӯз 15 ҳазор дона хишти пухта истеҳсол мекунад ва нархи фурӯши яклухти ҳар дона хишташ 35-40 дирам аст. Дар ҳоле ки дар корхонаҳои шафати он, ки як қисмаш аз шаҳрвандони Чин ва теъдоде аз соҳибкорони маҳаллӣ аст, нархи хишт то 45 дирам аст. Дар ҳоле ки теъдоде аз корхонаҳои маҳаллӣ ҳатто бо фанновариҳои муосир муҷаҳҳаз шуда ва шумораи кормандонашон ҳам бештар аст, аммо харидорон дар интихоби маҳсулот ба моли корхонаҳои чиноӣ бартарӣ медиҳанд.

Ба гуфтаи тоҷирон, сабаби аслии танг кардани бозори корхонаҳои маҳаллии тавлиди хишт аз сӯи соҳибкорони чинӣ пойин бурдани қимати маҳсулоти онҳост.

Ҳарчанд нархи хишти пухта дар корхонаҳои хишти Тоҷикистон тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст, аммо дар бозорҳои чаканафурӯшӣ қимати хишти пухта аз 90-дирам то як сомонӣ нархи се моҳи пешаш ҳамагӣ 15 дирам пойин рафтааст. Дар ҳар сурат, хишт аз ангуштшумор маҳсулоти сохтмонӣ дар бозори Тоҷикистон аст, ки дар айни авҷи мавсими сохтмон нархаш рӯ ба поён овардааст. Аз ҷумла бо шарофати корхонаҳои хиштпазие ки соҳибкорони чинӣ қад-қади роҳи Душанбе -Қалъаи Ҳисор дар минтақаи Шарора сохтаанд.

XS
SM
MD
LG