Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти наздик ба 800 шаҳрванди Қирғизистон дар хориҷ


Муовини вазири адлияи Қирғизистон Орозбек Сидиқов.
Муовини вазири адлияи Қирғизистон Орозбек Сидиқов.

Муовини вазири адлияи Қирғизистон Орозбек Сидиқов 16-уми май дар порлумон гуфт, дар ҳоли ҳозир 788 шаҳрванди ин кишвар дар боздоштгоҳҳои муваққатии кишварҳои хориҷӣ мунтазири содир шудани ҳукми додгоҳ ҳастанд.

Ба гуфтаи ӯ, 742 тои ин қирғизистониҳо дар боздоштгоҳҳои Русия қарор доранд.

Муовини вазири адлияи Қирғизистон афзуд, ки боқии қирғизистониҳо дар боздоштгоҳҳои муваққатии Туркия (13), Тоҷикистон (9), Қазоқистон (5), Итолиё (5), Олмон (4), Маҷористон (4), Миср (2), Арабистони Саудӣ (2), Куриёи Ҷанубӣ (1), Чехия (1), Фаронса (1) ва Муғулистон (1) нигаҳдорӣ мешаванд.

Шумори қирғизистониҳое, ки дар хориҷ зиндонӣ шудаанд, ба 1587 нафар мерасад.

Ин оморро Сидиқов зимни баррасии лоиҳаи қонун дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Қирғизистон дар порлумон ироа кард. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи қонун шароити мувофиқро барои суръат бахшидан ба раванди интиқоли маҳкумшудаҳо фароҳам меорад.

XS
SM
MD
LG