Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо муҳоҷири корӣ дар як бозори Маскав


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нерӯҳои интизомӣ ва амниятии Русия дар “рейд”-и нав даҳҳо муҳоҷирро дар бозори масолеҳи бинокории шаҳри Митишии вилояти Маскав боздошт кардаанд.

Корбарон бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 27-уми август рух дод.

Дар бораи шумораи умумии муҳоҷирони боздоштшуда ва ҳам теъдоди зодагони Тоҷикистон ҳоло маълумот дар даст нест.

Наздик ба як миллион тоҷикистонӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз тафтишу рейдҳо ва қонунҳои сахтгирона шикоят доранд.

Додгоҳҳои Русия дар шаш моҳи аввали имсол қарори ихроҷи 92 ҳазор муҳоҷир, аз ҷумла 17 ҳазор тоҷикистониро содир кардаанд.

Дар ин муддат мақомоти Русия барои ёфтани муҳоҷироне, ки ҳуҷҷатҳояшон мушкил дорад, 176 ҳазор “рейд” баргузор карданд.

XS
SM
MD
LG