Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди Борис Немтсов. Сиёсатмадоре, ки панҷ сол пеш куштанд


Борис Немтсов. Акс аз бойгонӣ
Борис Немтсов. Акс аз бойгонӣ

Ҳазорҳо нафар дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия рӯзи 29-уми феврал ба ёдбуди Борис Немтсов, собиқ муовини нахуствазир ва мухолифи сарсахти ҳукумати Владимир Путин, ки панҷ сол пеш дар наздикии Кремлин кушта шуд, ба хиёбонҳо баромаданд.

Онҳо дар даст парчами Русия ва парчами ҳизби сиёсии Немтсовро доштанд ва ба зидди Путин шиор доданд.

Мақомоти Маскав ва Санкт-Петербург ба баргузории раҳпаймоӣ иҷозат додаанд, аммо дар Владивосток чанде аз иштирокдоронро дастгир кардаанд.

Яке аз иштирокдорони роҳпаймоӣ дар Маскав ба хабарнигори телевизиони "Настоящее время" гуфт, "мо ба раҳбар ниёз дорем, ба иқтисоди хуб, маориф, илм, таъминоти иҷтимоӣ... Дар бисёре аз раддабандиҳо дар ҷойи охир ҳастем ва ин шармовар аст".

Айни чунин маърака дар шаҳри Санкт-Петербургу Новосибирск ва шаҳрҳои дигари Русия низ дар назар гирифта шудааст.

Баъзе аз мухолифон гуфтанд, дар ин маърака эътирози худро ба зидди ислоҳҳо ба Қонуни асосии Русия низ баён хоҳанд кард. Мунтақидон мегӯянд, иловаҳо ба Конститутсия ба тақвияти қудрати Путин пас аз поёни давраи раёсати ҷумҳуриаш дар соли 2024 нигаронда шудааст.

Қонуни асосии Русия соли 1992 қабул шудааст ва моҳи январи имсол Путин пешниҳод кард, ки ба он ислоҳҳо ворид кунанд.

Борис Немтсов аз сиёсатмадорони маъруфи солҳои 90-ум дар Русия шинохта мешуд. Вай солҳои 1991-1997 ҳоким ё волии вилояти Нижний Новгород ва солҳои 1997-1998 муовини якуми сарвазири Русия буд. Немтсовро дар поёни солҳои 90-ум яке аз ворисони эҳтимолии тахти раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин ном мебурданд.

Интихоби хонаводаи пурнуфузи Елтсин дар масъалаи ворис дар ниҳоят рӯи Владимир Путин, ки он замон ҳанӯз дар як мақоми хурде дар маъмурияти президент кор мекард, қарор гирифт ва Путинро дар як муддати кӯтоҳ ибтидо раиси ФСБ, баъд сарвазир ва дар ниҳоят ба ҷои Елтсин президент карданд.

Баъди ба сари қудрат омадани Путин Борис Немтсов аз ҳукумат канор рафта, ба мухолифин пайваст. Ӯ дар солҳои охир яке аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Путин ба шумор мерафт ва дар бораи фасодзадагии мақомоти баландпояи ин кишвар чандин гузориши муфассал таҳия ва нашр кард.

Наздиконаш мегӯянд, Немтсов замоне кушта шуд, ки ба нашри як гузориши муфассал дар бораи даст доштани Русия дар ошӯбҳои ҷудоихоҳон дар шарқи Украина омодагӣ мегирифт.

Дар соли 2017 панҷ мард дар Чеченистон барои қатли Немтсов ба зиндон маҳкум шуданд, вале наздикон ва мунтақидон гумон мекунанд, ки дастури қатл дар сатҳи болотар содир шудааст.

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо рӯзи 20-уми феврал дар гузорише хоҳони "таҳқиқи нав ва пурраи куштори Борис Немтсов" шуд. Ин созмон мегӯяд, бино ба камбудҳо дар таҳқиқи аввал бисёре аз суолҳо бе ҷавоб мондааст. "Марги ӯ барои Русия фоҷиа буд ва ба фазои сиёсӣ таъсири бад гузошт, дари тарсро боз кард ва боис ба ҳамлаҳо ва саркӯби бештар шуд", -- гуфта шудааст дар гузориши САҲА.

XS
SM
MD
LG