Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки осиёӣ барои навсозии "Сарбанд" $21 миллион медиҳад


Нерӯгоҳи "Сарбанд"
Нерӯгоҳи "Сарбанд"

Бонки осиёии рушд барои навсозии нерӯгоҳи "Сарбанд" 21 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашт ҷудо кардааст. Дафтари матбуотии бонк 6-уми август бо пахши хабарномае гуфт, ин пул барои таҷдиди нерӯгоҳ ва зиёд кардани тавлиди барқ дар Тоҷикистон сарф мешавад.

Евгений Жуков, мудири минтақаии бонк дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ, гуфтааст, барқи тавлидшуда дар "Сарбанд" барои Тоҷикистон ва ҳамсояҳои он фоида меорад.

Навсозии нерӯгоҳи "Сарбанд" дар вилояти Хатлон соли 2013 бо ёрии Бонки осиёии рушд оғоз шуда, ба иттилои бонк соли 2019 аз сабаби осеби таҷҳизоти механикӣ ноком шуд.

Бонки осиёии рушд пештар барои таҷдиди ин нерӯгоҳ 136 миллион доллар грант ҷудо карда буд.

Дар назар аст, таҷдиди нерӯгоҳи “Сарбанд” соли 2026 ба анҷом расад.

“Сарбанд” баъд аз "Норак", "Сангтӯда" ва "Бойғозӣ" нерӯгоҳи чоруми калон дар Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG