Ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN гуфтааст, аз моҳи январи имсол то ин дам беш аз 200 амалиёт алайҳи "Толибон" анҷом доданд ва акнун панҷ ҳазор нерӯ дар бист вилояти Афғонистон доранд.
Радиои Озодӣ ба таври мустақилона ин иддаоро тасдиқ карда наметавонад.
Гурӯҳи "Толибон" дар бораи гуфтаҳои Аҳмад Масъуд вокунише нишон надод.
Мэтю Миллер, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, дар мусоҳибае бо шабакаи хабарии Fox News таъкид кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида аз даргириҳои мусаллаҳона дар Афғонистон ҳимоят намекунад. Ӯ афзуд, Афғонистон ба муддати 44 сол даргири ҷанг будааст.
Пеш аз ин раиси Кумитаи хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико дар шабакаи иҷтимии "Х" эълон карда буд, ки қасд дорад дар моҳи сентябр бо Аҳмад Масъуд мулоқот кунад.